ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ТОҚӢ ПӮШИДУ МАСҶИД РАФТ: МУЛОҚОТИ КОНСУЛИ ТОҶИКИСТОН БО МУҲОҶИРОН ДАР МАСҶИДИ ЕКАТЕРИНБУРГ (2 АКС)

Рӯзи 3 сентябр консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода дар вақти намози ҷумъа аз масҷиди ҷомеи муфтиёти марказии вилояти Свердловск дар кӯчаи Бажов дидан кард. Дар ин бора хабаргузории Islamnews.ru бо нашри ду акс хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, дипломати тоҷик қабл аз намози ҷумха дар чорабинии бахшида ба ёдбуди қурбониёни ҳамлаи террористии 1 сентябри соли 2004 дар Беслан, ки муфтии Свердлов Абдулқуддус Ашарин ташкил карда буд, иштирок кард.

Зафар Сайидзода дар суханрониаш дар баробари намозгузорон, ки як бахши аъзами онҳоро муҳоҷирони тоҷик ташкил медиҳанд, гуфт, Шариати исломӣ сароҳатан терроризм ва дигар навъҳои зуҳуроти ифротгароиро маҳкум мекунад ва таҷрибаи ҳуқуқии аксари кишварҳои мусалмоннишини дунё бар пояи ҳамин асл бино ёфтааст. Консули Тоҷикистон аз намозгузорон, аз ҷумлаи ҳамватанони худ даъват кардааст, ки ба масъулиятҳои худ ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун мусалмони асил содиқ бошанд  ва ба нафъи ҷомиа амал кунанд.

Сайидзода Зафар Шералӣ 18 декабри соли 1961 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ходими ҳарбӣ ба дунё омадааст. Зафар Сайидзода ҳанӯз соли 1989  рисолаи номзадиашро ҳимоя карда, соҳиби унвони номзади илмҳои фалсафа шуда, соли 2016 доктори илмҳои таърих шуд.

Зафар Сайидзода солҳои Шӯравӣ дар сохтори комсомол кор мекард ва то ба мақоми мудири бахши иделогии комсомоли Тоҷикистон расид. Ӯ дар солҳои 90 чандин сол роҳбарии Департаменти иттилоот ва таҳлили вазорати хориҷаро бар уҳда дошта, сипас сухангӯи президенти Тоҷикистон шуд. Зафар Сайидзода ҳамчунин чандин сол дар мақомҳои раҳбари хабаргузории “Ховар” ва сармушовири президент оид ба сиёсати хориҷӣ кор карда, 17 феврали соли 2020 ба мақоми консули генералии Тоҷикистон дар Екатерибург таъйин шуд.

Ӯ муаллифи беш аз 70 китобу брошюраҳои илмӣ дар масоили фалсафа, таърих, сиёсатшиносӣ ва сиёсати хориҷиву иттилоотӣ ва  имиҷсози Тоҷикистон буда, соли 2001 ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутиро ба даст овардааст. Соли 2006 Зафар Сайидзода сазовори медали “Хизмати шоиста” шудааст. Шаҳри Екатеринбург ва вилояти Свердловск яке аз самтҳои асосии муҳоҷирати кории шаҳрвандони тоҷик дар Русия ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button