ВидеоКоррупсия

МУОВИНИ ШАҲРДОРИ КӮЛОБ БО ҶАРИМА ХАЛОС ХӮРД

Додгоҳи Кӯлоб Сӯҳроб Раҳимов, муовини собиқи раиси шаҳри Кӯлобро, ки рӯзи 5 июли соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти Кумитаи амният бо иттиҳоми қаллобӣ ва сӯистифода аз мансаб боздошт шуда буд, 72 ҳазор сомонӣ ҷарима баста,  аз толори додгоҳ озод кардааст. Ҳукми ӯ миёнаҳои моҳи август содир шудааст.

Дар додгоҳи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки муовини собиқи шаҳрдор зарари расида аз амалашро барқарор кард ва ба ҳамин далел бо ҷарима халос хӯрд. “Қонун барои чунин ҷиноят ҷарима талаб мекунад. Вақте зарар барқарор шуд, айбдоршаванда бо ҷарима озод мешавад”,–гуфтаанд дар додгоҳи Кӯлоб.

Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои дарёфтӣ, Сӯҳроб Раҳимовро кормандони амният ҳангоми гирифтани пора дастгир карда буданд.

Дар Тоҷикистон дар солҳои охир мавридҳои ба моддаи ҷазояш сабуктари қаллобӣ тоб додани парвандаҳои мансабдорони порахӯр зиёд шудааст.

Сӯҳроб Раҳимов тоза як сол пеш муовини раиси Кӯлоб дар масъалаи сохтмон таъин шуда, дар ин вазифа ҳамагӣ як сол кор кард . Нашрияи мустақили “Пайк” моҳи декабри соли 2020 Раҳимовро барои ба тиҷорат машғул шудану насупоридани ҳаққи истифодаи барқ танқид карда буд.

Ин масъала дар аввали соли 2021 дар нишасти матбуотии шаҳрдории Кӯлоб низ дар миён гузошта шуд ва он вақт Сӯҳроб Раҳимов овозаҳо дар бораи соҳибкориашро чунин шарҳ дода буд: “Хонаи шахсӣ аст, чанд нафарро шинондам, магар соҳибкор ба ҳисоб меравам? Хона холӣ буд, дар онҷо чаҳор студент шинондаам, чӣ гуноҳ кардам?”

Раҳимов Сӯҳроб Ҳабибуллоевич 23 октябри соли 1967 дар Кӯлоб ба дунё омада, солҳои зи1де ҳамчун коргари оддӣ дар сохтмон ва ҳамчунин ба ҳайси ронандаи оддӣ дар полки Русия дар Кӯлоб кор карда, соли 1999, вақте алакай 32 сол дошт, риштаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи Кӯлобро хатм кардааст. Вале ӯ баъди хатми донишгоҳ ҳам боз 5 соли дигар ба ҳайси ронанда дар полки Русия кор кард.  Сӯҳроб Раҳимов аз соли 2004 то 2009 дар ширкати “Ҳабиб” ба ҳайси сармеханик кор карда, солҳои 2009-2012  ширкати “Султон” буд.  Соли 2012, дар синни 45 Сӯҳроб Раҳимов ба кори давлатӣ гузашт ва якбора сардори идораи хоҷагии манзил ва коммуналӣ (ЖКХ) шаҳри Кӯлоб таъйин шуд. Ӯ ҳамин тавр солҳои 2014-2019 идораи обу канализатсияи шаҳр ва солҳои 2019-2020  корхонаи давлатии Ниҳолпарварӣ”-и шаҳри Кӯлобро роҳбарӣ мекард.

Дар як соли охир ӯ дуюмин мансабдори баландпоя дар ҳукумати Кӯлоб аст, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ва суистифода аз мансаб дастгир мешавад. Баҳром Иноятзода, раиси пешини Кӯлоб, ки дар гузашта дар мансаби раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси Миллӣ низ буд, моҳи июни соли 2020 дастгир ва ба 12 сол зиндон маҳкум шуд. Лозим ба ёдоварист, ки Сӯҳроб Раҳимов баъди ҳабси Иноятзода ва таъйини Абдуқодир Вализода ба раҳбарии шаҳри Кӯлоб муовини ӯ таъйин шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button