ИХРОҶИ САИДАНВАР СУЛАЙМОНОВ АЗ РУСИЯ БАРОИ ҲИМОЯТАШ АЗ ОППОЗИТСИЯ
Фаъоли муқими Маскав Саиданвар Сулаймонов хабар дод, ки ӯро барои пуштибонӣ аз мухолифони ҳукумати кунунии Русия аз ин кишвар рондаанд. Як моҳи охир Сулаймонов дар ситоди пешазинтихоботии собиқ мудири иҷроияи созмони “Открытая Россия” Андрей Пивоваров, ки ҳоло дар ҳабс қарор дорад, кор мекард.
Сулаймонов шаҳрванди Тоҷикистон аст ва баъди судури ҳукми берун карданаш ӯ худаш мустақилона тарки Русия карда, ба “як кишвари амн” паноҳ бурдааст. Ӯ мегӯяд, агар мустақилона намерафт, мақомоти Русия вайро ба Тоҷикистон мефиристоданд.
Саиданвар Сулаймонов рӯзи 4 сентябр дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод, ки ӯро аз қаламрави Русия берун кардаанд.
“Достони муҳаббати ману Русия бо ҳамин тамом шуд. Маро барои 40 сол аз ин кишвар ронданд. Салом ба ҳама, ман Саша Печенька мебошам, аз рӯи шиноснома: Саиданвар Сулаймонов. Ман шаҳрванди Тоҷикистонам ва солҳо боз дар Русия зиндагӣ мекунам.
Маро эҳтимолан барои 40 сол муҳри “запрет” задаанд. Мақомоти Русия бо ин роҳ аз ман ниқор гирифтанд. Як моҳи охир ман дар ситоди Андрей Пивоваров кор мекардам”, – навиштааст ӯ.
Сулаймонов навиштааст, ки ӯ барои мустақилона тарк кардани қаламрави Руси ҳамагӣ се рӯз фурсат дошт. “Дар сурати ғайр, маро ба Тоҷикистон мефиристоданд. Барои танқидҳоям аз Ислом ва ҳукумати кунунӣ дар онҷо пайдо шудани ман амн набуд. Дар Осиёи Миёна бо ман ҳар кори мумкинро карда метавонистанд. Дар Тоҷикистон пайдо шудани ман хатарнок буд”, — навиштааст Сулаймонов.
Дар ниҳоят Сулаймонов ба як кишвари, ба гуфтаи худаш, “амн” рафтааст. Дар Русия зани руси ӯ боқӣ мондааст, ки бояд акнун масъалаи бозбинии ҳукми ихроҷи Сулаймоновро матраҳ кунад.\
Номи Саиданвар Сулаймонов дар аввали соли ҷорӣ расонаӣ шуд. Ӯ, ки он вақт дар як беморхонаи беморони коронавирус дар толори “Крилатское” дар Маскав кор мекард, дар ҷои кораш бо фонус акс гирифт ва дар чорчӯби маъракаи оппозитсионии”Любовь сильнее страха” (“Ишқ қавитар аз тарс”) дар Интернет нашр кард. Рӯзи дигар Сулаймоновро аз кор ронданд.
Мақомоти Русия сабаби ихроҷи Сулаймоновро шарҳ надодаанд, вале ҳуқуқдонҳо гуфтаанд, ки ба эҳтимоли ғолиб ӯро бар асоси моддаи 25.10 қонун дар бораи тартиби вуруд ва хуруҷ аз Русия шахси номақбул хондаанд. Ин банди қонун афродеро, ки ба амният ва тартиботи ҷамъиятии Русия таҳдид мекунанд, метавонад ҳамчун шахси номақбул аз ҳаққи вуруд ва зиндагию кор дар Русия маҳрум кунад.Ахиран ВКД Русия як сокини Бишкекро барои дар кӯча латтукӯб кардани як духтари рус ва танзнигор Идрак Мирзоализодаро барои як шӯхии ноҷо нисбат ба русҳо умрбод аз ҳаққи убури марзҳои ин кишвар маҳрум гардонд.
Саиданвар Сулаймонов ягона зодаи Тоҷикистон нест, ки барои пуштибонӣ аз мухолифони ҳукумати кунунии Русия ҷазо мегирад. Моҳи июли соли 2019 рэпери тоҷик Самариддин Раҷабовро дар Маскав барои иштирок дар эътирози мухолифин дастгир карданд. Ӯ баъди қариб ним сол дар поёни соли 2019 дар пайи пардохти 100 ҳазор рубл ҷарима аз ҳабс озод шуд.