ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР ДАР 4 САДАМАИ ДУ РӮЗИ ОХИР ДАР ВАҲДАТ, ШУҒНОН ВА КОНИБОДОМ

Тайи ду рӯзи 2 ва 3 сентябр дар 4 садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои Абдулвосиев ва Баҳори шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон ва дар Конибодом 4 нафар, аз ҷумла ду ронанда ва ду пиёдагард, бо шумули як кӯдаки шашсола аз Шуғнон ба ҳалокат расидаанд.

хххххх

Як марди 50-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ба он гумонбар мешавад, ки 13-уми марти соли 2021, дар бозори мошини “Дӯстӣ” дар ноҳияи Б.Ғафуров бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара даромада, мошини «Опел-Астра»-и ӯрои 60 ҳазор сомонӣ нарх карда, гирифтааст, вале то ҳол пули мошинро надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 4 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 3-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 00:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099», Кабутзода Манучеҳри Қаноат, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Файзобод аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи Файзобод дар ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-817”, ки таҳти идораи ронанда, Раҳмонов Амриддин Шарифович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099», Шарифов Исоҷон Рустамович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Чилчашмаи ноҳияи Файзобод, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ронандаи автомашинаи мазкур, Кабутзода М.К. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мутаассифона, 3-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 12:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху», Саидбеков Абдулло Нарзуллоевич, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба самти шаҳри Ваҳдат дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Баҳор, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Давлатов Усмон Тешаевич, соли таваллудаш 1958, сокини ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Давлатов У.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, рӯзи 2-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Ланд-Крузер”, таҳти идораи ронанда Алиназаров Акмалҷон Акрамҷонович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Навобод ба самти шаҳри Хоруғ, дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Занҷирбекова Амина Лоиқовна, соли таваллудаш 2015, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ, Занҷирбекова А.Л. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, 3-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 07:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Шарифов Ҷаҳонгир Ҳомидович, соли таваллудаш 2000, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Маҳрам ба самти деҳаи Лоҳутӣ дар роҳи мошингарди Конибодом-Деҳмой, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти дар шафати роҳ буда бархӯрдааст.
Дар натиҷа худи ронанда, Шарифов Ҷ.Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 13-уми марти соли 2021, тахминан соати 10:00, дар бозори фурӯши автомашинаҳои «Дӯстӣ», воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара даромада, аз ӯ автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра»-ро ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button