ВарзишВидеоМуҳоҷирон

ФУТБОЛБОЗИ ТОҶИК ШАМСИДДИН ШАНБИЕВ БА ДАСТАИ “ИРТИШ” (ОМСК) ГУЗАШТ

Дастпарвари бошгоҳи машҳури “Спартак” (Маскав)  Шамсиддин Шанбиев ба ҳайъати дастаи “Иртиш” (Омск) гузашт. Дар ин бора хадамоти матбуоти “Иртиш”  хабар дод.

Шамсиддин Шанбиев, фарзанди муҳоҷирони тоҷик, ки 24 сол дорад, 18 феврали соли 21997 дар вилояти Суғди Тоҷикистон ба дунё омада, ҳаз дар айёми кӯдакӣ ҳамроҳи волидонаш ба Маскав кӯчид ва дар мактаби дастаи “Спартак” ба машқи футбол оғоз кард.

Шамсиддин Шанбиев, ки дар хатти ҳимоя бозӣ мекунад, дар ҳайъати дастаҳои наврасон ва ҷавонони “Спартак” дар мусобиқоти ФЕЛ ва лигаи наврасони УЕФА борҳо ба майдон баромада, дар ҳайъати тимҳои яккачини наврасони Русия (U-18, U-19, U-21) низ 12 бор ҳунарнамоӣ кардааст.

Шамсиддин Шанбиев солҳои 2014 – 2016  дар ҳайъати тими ҷавонони “Спартак” (Маскав” 42 бор ба майдон баромада, солҳои 2015 – 2018  дар ҳайъати “Спартак-2” 48 бор бозӣ кардааст. Шанбиев аз соли 2018 то поёни 2020 дар ҳайъати дастаҳои “Урал” ва “Урал-2” аз Екатеринбург ва дар нимаи аввали соли 2021 дар ҳайъати дастаи “Ислоч” аз Беларус бозӣ кардааст.

Дастаи “Иртиш” (Омск) дар гуруҳи чоруми дивизиони дуюми ФНЛ (Лигаи миллии футболи Русия) бозӣ мекунад ва баъди 7 бозӣ бо 11 имтиёз дар байни 15 даста дар мақоми 7-ум қарор дорад. Ҷои аввалро дар ин гуруҳ феъдан дастаи “Челябинск” бо 18 имтиёз дар даст дорад. Дар ин гуруҳ дастаҳои маъруфе, чун “Амкар” ва “Звезда” аз  Перм, “Динамо” (Барнаул), “Лада-Толляти”, “Носта”, ҳамчунин “Урал-2”,  ки Шамсиддин Шанбиев қаблан узви он буд, рақобат мекунанд.

Шанбиев Шамсиддин Асроридинович
Муҳофизатгар
18 феврали соли 1997 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Қадаш 181 см.
Вазнаш 78 кг.

Собиқаи бозӣ:
2014 – 2016 – «Спартак-м» (Маскав), 42 бозӣ.
2015 – 2018 – «Спартак-2» (Маскав), 48 бозӣ.
2018 – 2020 – «Урал» (Екатеринбург),  7 бозӣ дар Ҷоми Русия.
2019 – 2020 – «Урал-2» (Екатеринбург),  3 бозӣ.
2021 – «Ислочь» (Беларусь), 3 бозӣ.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button