ВИДЕОИ ДАҲҲО НАФАРЕ, КИ ДАР ЯК ҶАЗИРА ДАР МАРЗИ АФҒОНИСТОН БО ТОҶИКИСТОН ДАРМОНДААНД
Шабакаи телевизионии “Афғонистон Интернэшнал” рӯзи 3 сентябр видеои даҳҳо нафареро нашр кард, ки дар як ҷазира дар байни дарёи Амӯ дар хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҷамъ шудаанд ва мехоҳанд Тоҷикистон барояшон паноҳгоҳ бидиҳад.
Дар видео аз байни издиҳоми бузурги паноҳҷӯён, ки дар байнашон занону кӯдакон ва пиронсолон зиёданд, як зан пеш баромада, сухан мекунад.
Ин зан мегӯяд, ки онҳоро дар як ҷазираи хурд ҷой кардаанд.
Ӯ мегӯяд: “Аз Созмони Милал ва ҷомиаи ҷаҳонӣ мехоҳем, ки ба доди мо ва ба доди тифлони мо бирасанд. Инҷо нон нест, ғизо нест, ҷои хоб надорем, кӯдаконро пашша хӯрд ҳамаашро. Ҳар рӯз якеаш мариз мешавад, мефавтад. Илтиҷо мекунем, бирасед ба аҳволи авлоди мо!”
Рӯзи 1 сентябр вВазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ дар мулоқот бо роҳбари Намояндагии Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR) Мулугета Зевди гуфт, ҳоло дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон80 оила бо фарзандони худ ҷамъ шуда, аз тарсу ваҳми қасди кушторашон хоҳиши ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд.
Ӯ гуфт, вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун субъекти амалинамоии қабули гурезаҳо онҳоро қабул, омӯзиш ва ба қайд мегирад, аз ташхиси коронивирус мегузаронад, бо онҳо сӯҳбатҳои инфиродӣ мегузаронад, шахсияти онҳоро муайян мекунад, то аъзои созмонҳои террористӣ зери ниқоби паноҳанда вориди Тоҷикистон нашаванд.
Вазири тоҷик афзуд, ҳарчанд ҷониби Тоҷикистон бо мақсади сохтани лагерҳо барои қабули гурезагон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Фархор, Ш.Шоҳин ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 га замин ҷудо карда буд, вале дар давоми 20 сол аз ҷониби ягон созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯ кумаки амалӣ дарёфт карда натавонист. Бино бар ин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯён вуҷуд надорад, гуфт Раҳимзода.
Дар 15 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 3000 оилаҳои гурезаҳо аз Афғонистон сабт шудаанд, ки шумораи аҳли оилаи онҳо 15 ҳазорро ташкил медиҳад. Инчунин дар давраи ғасби Афғонистон аз сӯи Толибон 5000 хизматчии ҳарбӣ ба қаламрави Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.
Нигарониҳое вуҷуд доранд, ки дар пайи ба дасти Толибон гузаштани қудрат дар Афғонистон шумораи паноҳҷӯён аз он кишвар хеле хоҳад афзуд.