АфғонистонВидеоДин ва боварҳо

РАСОНАҲО: АҲМАД МАСЪУД 30% ҲУКУМАТРО ТАЛАБ КАРДААСТ, МУЗОКИРОТИ ТОЛИБОН БО ПАНҶШЕРИҲО ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД

Нашрияи муътабари ғарбии  Financial Times  бо нақли қавл аз ду нафари огоҳ аз ҷараёни музокироти байни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимат хабар додааст, ки интизор меравад дар рӯзҳои наздик раҳбарони Толибон бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар Тоҷикистон мулоқот кунанд.

“Интизор меравад, ин гурӯҳи исломӣ дар Тоҷикистон барои музокира дар бораи нақшҳои эҳтимолӣ дидор кунанд”, – навиштааст Financial Times.

Дар ҳамин ҳол, Ҳафиз Мансур, узви Шӯрои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва як узви ҳайъати ин ҷабҳа дар музокирот бо Толибон низ  ба хабаргузории русии “ Sputnik Тоҷикистон” хабари эҳтимоли дар Тоҷикистон баргузор шудани музокироти онҳо бо Толибонро тасдиқ кардааст. Вале Ҳафиз Мансур гуфт, дар Тоҷикистон доир кардани ин музокирот пешниҳоди Ҷабҳаи муқовимат буд.

“Ин дархости мост. Онҳо мехоҳанд, ки садои моро хафа кунанд. Фақат як ҷаласоте дошта бошанд, ки дунё хабар нашавад. Қасди мо ин аст, ки дунё аз назариёт ва дидгоҳҳои мо хабар дошта бошад ва дар ҷараён бошад. Мо гуфтем, ки ба ҷуз Покистон, дар ҳар кишвари дигари ҳамсояи мо бошад, мо омодаи музокиротем. Тарҷеҳи мо ҳам Тоҷикистон аст. Омода ҳастем, ки суҳбат кунем ва мушкили Афғонистонро ҳал кунем. Мо дар хизмат ҳастем. То ҳанӯз Толибон посухи мушаххас надодаанд”, – гуфт Ҳафиз Мансур.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи 2 сентябр дар Екатеринбург гуфт, Маскав байни Толибон ва панҷшериҳо миёнаравӣ карданӣ нест, вале дар ин маврид нақши муҳимро, ба ақидаи ӯ,  метавонад Тоҷикистон бозӣ кунад, чунки муҳраи асосии нирӯҳои муқовимат дар дараи Панҷшерро тоҷикони Афғонистон ташкил медиҳанд.  Роҳбари идораи сиёсати хориҷии Русия изҳори умед кард, ки музокироти байни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер ба як натиҷаи сулҳомез ноил хоҳад шуд ва таҳдиди аз сар гирифтани амалиёти ҷангӣ амалӣ нахоҳад шуд.

Шабакаи телевизионии Al Jazeera хабар додааст, ки  Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, аз Толибон 30%-и ҳукуматро талаб кардааст.

Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳа, ба Sputnik Тоҷикистон дар посух гуфт, “раҳбари Муқовимат борҳо гуфтааст, ки мо дунболи масоили шахсӣ, гирифтани мақому курсӣ дар ҳукумат нестем. Ҳоло ҳам Ҷабҳа изҳор медорад, ки барои адолат ва баробарӣ ба манфиати Афғонистону мардумаш меҷангад.” Аммо  Фаҳими Даштӣ ташреҳ накард, ки пас талаби Ҷабҳа аз Толибон чист?

Ду рӯз қабл намояндагони Толибон изҳор доштанд, ки азбаски музокираҳо бо Панҷшер натиҷа надод,  ҷангиёни ин ҳаракат бо ҷанг Панҷшерро хоҳанд гирифт. Тайи ду рӯзи охир дар бораи ҷангҳои сахт дар марзи Панҷшер гузоришҳо ба даст мерасанд.

Толибон иддао дорад, ки ҷангиёнаш тавонистаанд вулусволии Шутули Панҷшерро ба даст биоранд. Вале Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат ин иддаоро рад кард ва гуфт, ҷангиёни Толибон талош карданд, ки аз тариқи Ҷабулсироҷ Шутулро тасарруф кунанд, вале ноком шуданд.

Ҷунбиши Толибон дар аввали моҳи август дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ тавонист дар байни ҳамагӣ 10 рӯз қариб тамоми қаламрави Афғонистонро тасарруф карда, рӯзи 15 август вориди пойтахт, шаҳри Кобул шавад. Аксари шаҳру вилоятҳо, аз ҷумла Кобул, ба Толибон тақрибан бидуни ҷанг таслим шуданд.

Дар ҳоли ҳозир вилояти Панҷшер танҳо вилоят аз 34 вилояти Афғонистон аст, ки ба Толибон таслим нашуд. Дар инҷо чанд ҳазор нафар ҷамъ омада, Ҷабҳаи муқовимати миллиро ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд шакл додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button