ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҶАСАДИ СОКИНИ 45-СОЛАИ ИСПЕЧАКРО БАЪДИ ЧАНД РӮЗ АЗ ДАРУНИ ХОНААШ ЁФТАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки кормандонаш дар як шабонарӯзи охир дар рафъи се ҳодисаи фавқулодда иштирок кардаанд.

Аз ҷумла навбатдори шуъбаи милисаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қисми навбатдории КҲФ занг зада, хабар додааст, ки бино ба маълумоти ҳамсояҳо, як марди 45-солаи сокини маҳаллаи Испечак-2, М-25, инак чанд рӯз боз ба кӯча намебарояд ва ба зангҳо ҷавоб намедиҳад. Дар хонааш ин мард танҳо зиндагӣ мекардааст.

Гуруҳи наҷотбахшони раёсати душанбегии КҲФ ба ҷои ҳодиса омада, бо кумаки таҷҳизоти гидравликӣ дари оҳанини хонаро кушодаанд. Онҳо дар даруни хона ҷасади соҳибхона, соли таваллудаш 1976-ро пайдо кардаанд. Ҷасадро барои муайян кардани сабабҳои марги ин мард ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Кормандони раёсати душанбегии КҲФ рӯзи 2 сентябр ҳамчунин дари маҳкамшудаи як зани сокини кӯчаи Пушкинро  дар байни 20 дақиқа кушода, додаанд.

Ҳамчунин субҳи 2 сентябр, тақрибан соати 09:10 дар наздикии деҳаи Курговади ҷамоати Вишхарви ноҳияи Дарвоз дар роҳи мошингарди Душанбе  – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ санг рехтааст. Кормандони хадамоти  роҳсозӣ сангҳоро аз роҳ барчидаанд ва ҳоло роҳ ба таври маъмулӣ кор мекунад. Дар натиҷаи ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button