
Пулиси ноҳияи Колпинои шаҳри Санкт-Петербурги Русия падару модареро меҷӯяд, ки духтарчаи сесолаи худро шоми 2 сентябр аз боғчаи кӯдакон нагирифтаанд.
Шоми 2 сентябр зани 42-сола, мураббии боғчаи кӯдакони шаҳраки Понтонний ба пулис занг зада, хабар дод, ки яке аз кӯдаконро бегоҳ волидонаш ба хона набурдаанд. Кӯдакро ҳамчун тифли аз нигоҳубини падару модар маҳрумшуда муваққатан дар бемористон ҷой кардаанд ва пулис дар пайи ҷустуҷӯи волидони ӯ афтодааст. Куҷо шудани онҳо ҳанӯз маълум нест.
Аммо маълум шудааст, ки ҳарчанд ин оила дар пулис расман сабти ном нашуда буд, вале оилаи чандон солим набудааст. Модари кӯдак як зани 36-солаи зодаи Қазоқистон буда, қаблан барои майдаавбошӣ ба ҷавобгарӣ кашонда шуда буд. Падари кӯдак — ҷавони 25-солаи зодаи Тоҷикистон низ қаблан барои дуздӣ суд шуда, чанд дафъаи дигар бо ҷурми майдаавбошӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда шудааст.