ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ИДОМАИ ОМОРИ ШУБҲАОВАРИ ВАЗОРАТ: 29 КАС БЕМОР ШУД, ТО БЕГОҲ 13 БЕМОР МОНД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 2 сентябр охирин омори марбут ба вазъи пандемияи коронавируси нави COVID-19-ро нашр кард. Бар асоси иттилои вазорат, дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 29 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавнируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 34 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва хушбахтона, касе нафавтидааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии пандемия то шоми 2 сентябр  дар кишвар 16 913 ҳолати сирояти шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 776 нафар (99,2%) шифо ёфта, 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.

Аз арқоми расмии вазорати тандурустӣ бармеояд, ки то шоми 2 сентябр дар Тоҷикистон чӣ дар шароити хона ва чӣ дар бемористонҳо ҳамагӣ … 13 нафар аз коронавирус табобат мегирифтанд.

Ин ҳатто камтар аз 29 нафарест, ки гирифториашон ба коронавирус тоза ҳамин рӯзи 2 сентябр ошкор шудааст.

Азбаски дар байни ҳамагӣ чанд соат аз коронавирус шифо ёфтани беш аз нисфи ин беморон хеле шубҳабарангез менамояд, бисёриҳо ба омори расмии вазорати тандурустӣ бо назари шубҳа ва бархе ҳатто бо тамасхур нигоҳ мекунанд ва мегӯянд, ин вазорат ба хотири инки то ҷашни истиқлоли Тоҷикистон дар бораи “пурра нобуд шудани коронавирус дар кишвар” ҳисобот диҳад, рақамҳои марбут ба паҳншавии пандемияро бардурӯғ ва хеле беҳунарона дасткорӣ карда истодааст.

Ба ҳисоби миёна, барои табобати коронавирус камаш ду ҳафта лозим аст. Дар ду ҳафтаи охир, бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, ягон ҳолати марг аз пандемия ба қайд гирифта нашудааст. Ва ин иддаои вазорат, ки гӯё ҳоло дар кишвар ҳамагӣ 13 бемори коронавирус боқӣ мондааст, суолеро ба вуҷуд меорад, ки пас он беш аз 500 нафаре, ки гирифториашонба вирус дар ду ҳафтаи охир ошкор шуд, куҷо шуданд?

Магар дар Тоҷикистон ягон усули инқилобии табобати коронавирусро кашф кардаанд, ки беморонро дар ҳамагӣ чанд соат аз ин беморӣ муолиҷа мекунанд?

Ваё ин боз як хокпошии дигар ба чашми давлат ва мардум аст?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button