АСРОРОВА ШАҲРБОНУИ 17-СОЛА АЗ 20 ИЮН ГУМ ШУДААСТ. БАРОИ ЁФТАНАШ КУМАК КУНЕД!

Асророва Шаҳрбону, соли таваллудаш 2004, рӯзи 20 июн аз хонаи бибиаш дар шаҳри Ваҳдат баромада, бо ҳамин бедарак шудааст.
Ба гуфтаи наздиконаш, Шаҳрбону шаҳрванди Русия буда, ҳамроҳи волидонаш дар Русия зиндагӣ мекард ва тобистон хонаи бибиаш ба шаҳри Ваҳдат меҳмонӣ омада буд.
Ҷустуҷӯи Шаҳрбону тавассути мақомоти милитсия то ҳол натиҷа надодааст.
Ҳоло наздикони ҷигархуншудаи Шаҳрбону аз мардум хоҳиш доранд, ки дар ҷустуҷӯи ҷигарбандашон ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунанд.
Аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи сарнавишти Шаҳрбону ва куҷо будани ӯ маълумоте доранд, хоҳиш мешавад, ки бо ин рақам бо модараш тамос бигиранд:
+992 919 10 40 01
Волидони дилхун аз худи Шаҳрбону ҳам, агар ин сатрҳоро мехонад, илтиҷо доранд, ки ҳар куҷое ки бошад, аз худ дарак диҳад ва азизонашро аз ин бештар дилфигор накунад.