АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ЛАВРОВ МАВҚЕИ РУСИЯРО ДАР МАСЪАЛАИ ПАНҶШЕР ГУФТ: МАСКАВ МИЁНАРАВ НАМЕШАВАД, НАҚШИ МУҲИМ АЗ ТОҶИКИСТОН АСТ (ВИДЕО)

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи 2 сентябр дар Екатеринбург мавқеи Маскав дар масъалаи нирӯҳои муқовимати зидди Толибон дар дараи Панҷшерро рӯшан кард.

Лавров гуфт, Русия кайҳо боз аз Толибон даъват мекард, ки якҷо бо дигар гуруҳҳои қавмию сиёсии Афғонистон як ҳукумати фарогири давраи гузариш бисозанд. Вале, афзуд ӯ, Маскав байни Толибон ва панҷшериҳо миёнаравӣ карданӣ нест. Ба гуфтаи Лавров, ҳам кишварҳои ғарбӣ, ҳам Хитой ва ҳам кишварҳои Осиёи Миёна бар инанд, ки Толибон ва дигар гуруҳҳои қавмию сиёсии Афғонистон ба як созиш даст биёбанд. Ӯ гуфт, дар ин маврид нақши муҳимро метавонад Тоҷикистон бозӣ кунад, чунки муҳраи асосии нирӯҳои муқовимат дар дараи Панҷшерро тоҷикони Афғонистон ташкил медиҳанд.  Роҳбари идораи сиёсати хориҷии Русия изҳори умед кард, ки музокироти байни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер ба як натиҷаи сулҳомез ноил хоҳад шуд ва таҳдиди аз сар гирифтани амалиёти ҷангӣ амалӣ нахоҳад шуд.

Ҷунбиши Толибон дар аввали моҳи август дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ тавонист дар байни ҳамагӣ 10 рӯз қариб тамоми қаламрави Афғонистонро тасарруф карда, рӯзи 15 август вориди пойтахт, шаҳри Кобул шавад. Аксари шаҳру вилоятҳо, аз ҷумла Кобул, ба Толибон тақрибан бидуни ҷанг таслим шуданд.

Дар ҳоли ҳозир вилояти Панҷшер танҳо вилоят аз 34 вилояти Афғонистон аст, ки ба Толибон таслим нашуд. Дар инҷо чанд ҳазор нафар ҷамъ омада, Ҷабҳаи муқовимати миллиро ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд шакл додаанд. Ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ низ ба Панҷшер паноҳ бурда, баъди фирори президент Ашраф Ғанӣ аз кишвар худро президент эълон кардааст ва аз ҳама хостааст аз нирӯҳои муқовимат ба раҳбарии Аҳмади Масъуд ҳимоят ва пуштибонӣ кунанд.

Дар миёнаҳои солҳои 90, вақте Толибон бори якум қудратро дар Афғонистон ба дасти худ гирифт, Русия дар баробари Эрон, Ҳинд ва Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое буд, ки ба таври фаъолона аз нирӯҳои Эътилофи шимол ба раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ба зидди Толибон меҷангид, пуштибонӣ мекарданд. Вале ин дафъа Русияву Эрон ба сиёсати ёфтани забони умумӣ бо Толибон тарҳеҷ дода истодаанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бошад, сароҳатан изҳор дошт, ки агар Толибон дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ба тоҷикҳои он кишвар ҷойгоҳи шоиста қоил наоянд, Душанбе чунин ҳукумати онҳоро эътироф нахоҳад кард.

Матни пурраи суханони Сергей Лавров дар мавриди Панҷшер чунин аст:

«Насчет Панджшерского ущелья.

Вы знаете, мы уже давно призываем талибов и все другие этнические и политические группы в Афганистане договариваться о создании инклюзивного переходного правительства.

Выступать посредником на этих переговорах мы сейчас не планируем, по-моему, никто не планирует.

 Все заинтересованы в том, чтобы талибы и другие этнические и политические деятели Афганистана договорились. Такие сигналы направляют и западные страны, и Китайская народная республика, и центральные азиатские государства.

Ну и здесь особая роль, конечно же, принадлежит нашим союзникам из Таджикистана, учитывая, что в Панджшерском ущелье именно афганские таджики ведут переговоры с центральным представительством талибов. Я надеюсь, что эти переговоры все-таки закончатся именно переговорным решением, а не будут прерваны, и угрозы о том, что возобновятся боевые действия, не будут реализованы.»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button