БОЗ ЯК НИШОНИ ҲАМРАЪЙӢ: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА РАББОНӢ ВА АҲМАДШОҲ МАСЪУД ОРДЕН ДОД
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 2 сентябр бо фармонҳои худ президенти собиқи Афғонистон Бурҳонуддин Раббонӣ ва фармондеҳи Эътилофи шимол Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз маргашон бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонид. Эътои ҷоизаҳои олии Тоҷикистон ба ин ду шахсияти шинохтаи Афғонистон дар остонаи солгарди 20уми қатли Аҳмадшоҳи Масъуд ва солгарди даҳуми қатли Раббонӣ ва ҳамчунин дар ҳоле сурат гирифт, ки аксари қаламрави Афғонистон ҳоло таҳти тасарруфи ҷангини Толибон қарор гирифта, дар дараи Панҷшер таҳти фармондеҳии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд ҷабҳаи муқовимати зидди Толибон шакл гирифта истодааст.
Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз ангуштшумор кишварҳоест, ки бо сароҳат аз тоҷикҳои Афғонистон ҳимоят мекунад. Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта ба вазири хориҷаи Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ қатъан изҳор дошт, ки тоҷикони Афғонистон бояд дар ҳукумати ояндаи он кишвар ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Ӯ таъкид кард, ки “Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард”.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Толибон интиқод кард, ки ба сари қудрат омаданашон дар Кобул раванди геосиёсии минтақаро дар марҳилаи кунунӣ боз ҳам печида кардааст.
“Далелҳо возеҳан нишон медиҳанд, ки Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд. Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд”, – таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Қурайшӣ.
Аҳмадшоҳи Масъуд, собиқ вазири мудофиаи Афғонистон ва фармондеҳи Эътилофи шимол, 8 сентябри соли 2001 дар натиҷаи ҳамлаи маргталабонаи ҷангиёни АлҚоида кушта шуд. Бурҳонуддин Раббонӣ, ки аз соли 1992 то 2001 президенти Афғонистон буд, 20 сентябри соли 2011 дар Кобул низ дар як сӯиқасди мусаллаҳона ба ҳалокат расид.
Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент, рӯзи 2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои худ ду тан шахсияти шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва шодравон Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонид.
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” омадааст:
“Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шавад.”
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” низ омадааст:
“Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шавад.”
Ордени “Исмоили Сомонӣ” мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони арзанда барои хизматҳои шоён супорида мешавад.
Ордени “Исмоили Сомонӣ” аз нуқра сохта шуда, ситораи ҳаштқира мебошад. Канораҳои ситора зарандуд ва ситораи ҳаштқираи нуқрафоми дохилиро ташкил медиҳанд.
Дар маркази ситора медалиони тасвири барҷастаи зарандуди шоҳ Исмоили Сомонӣ аст.
Дар давродаври медалион, дар ранги кабуди сирдавон дар ҳошияи зарандуд навиштаҷоти “Исмоили Сомонӣ” бо ҳарфҳои зарандуд иҷро шудааст. Дар қисми поёни медалион ду навдаи зарандуди дарахти ғор сабт шудааст. Дар тарафи қафои ситора рақами он нақш шудааст.
Тасмаи ордени “Исмоили Сомонӣ” – тасмаи парниёни ранги кабуд буда, дар канорҳояш рахи зарандуд дорад. Паҳноии тасмаи ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи I – 100 миллиметр, паҳноии рахҳо ва масофа аз канорҳои тасма 3 миллиметр мебошад.
Зеҳи овезаи доимӣ фулузӣ, паҳноиаш 38 миллиметр, баландиаш 10 миллиметр буда, бо тасмаи парниёни ордени “Исмоили Сомонӣ” рӯкаш шудааст. Зеҳи ордени дараҷаи I дар миёна бандинаи қутраш 8 миллиметр ва шерозаи тиллоранг дорад.