ВидеоИқтисодМуҳоҷиронЧеҳраҳо

СУҲБАТИ МИЛЛИОНЕРИ ТОҶИК РАҲИМИ ҒАРМӢ: АЗ ГАПИ МАРДУМ САХТ АЛАМАМ МЕКУНАД… (ВИДЕО)

“Барои чӣ ин қадар мошин?” – мепурсад блогер Диловар аз Раҳими Ғармӣ, ки бо ин миллионери тоҷик дар қасри пуршукӯҳаш  ва сипас дар бӯстонсарои ӯ дар Варзоб суҳбат мекард. Дар гаражи Раҳими Ғармӣ беш аз 10 мошини ҳама люкси гаронбаҳо ва тақрибан ҳамааш бо рақамҳои “крутой” –и  99 99 ҷамъ оварда шудаанд.

“Баъзе одамҳо аспро дӯст медоранд ва асп ҷамъ мекунанд. Ман бошам, мошинро дӯст медорам”, – ҷавоб дод Раҳими Ғармӣ.

Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, як соҳибкори маъруфи тоҷик дар як мусоҳибаи ихтисосии видеоӣ бо блогери шинохта Диловар Сафаров, дар бораи тиҷоратҳояш дар Русия  қисса кард.  Раҳими Ғармӣ гуфт, солҳои зиёд дар хориҷ кор кардааст, ки онҷо гапбофӣ нест, вале дар Тоҷикистон аз гапи мардум бисёр хаста мешавад ва аламаш мекунад. “Агар бегона гӯяд, шояд ин қадар алам накунад, вале ҳайф, ки худиҳо мегӯянд. Ростӣ, аз гапҳои бофта дар атрофи номам бисёр аламам мекунад”, – гуфт ӯ.

Маълум набуд, ки оё манзури ӯ хабарҳои ахир дар бораи аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани ин миллионери тоҷик буд ё чизи дигар? Ду моҳ пеш хабар омада буд, ки шаҳрвандии русии Раҳими Ғармиро моҳи июн бекор кардаанд ва ӯ баъди лағви шаҳрвандиаш маҷбур шудааст аз Русия ба Туркия биравад. Раҳими Ғармӣ дар мусоҳибааш дар бораи мушкилоти ҳуқуқие, ки ба сараш дар Русия оварданд, аслан чизе нагуфт.

РАҲИМИ ҒАРМӢ ВА БОЗ ЧАНД ЛИДЕРИ ДИГАРИ ТОҶИКҲОРО АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ КАРДААНД (ВИДЕО)

Аммо ӯ нақл кард, ки вақте ба Русия рафт, дар як гӯшаи як бозор савдо мекард, вале соҳиби бозор як рӯз бозорашро вайрон кард, то ки дар ҷояш фурӯшгоҳи замонавӣ бисозад.

“Барои мо дар ин фурӯшгоҳи нав ҳатто дар як гӯшааш ҳам ҷой ёфт нашуд ва ман, ростӣ, он вақт аз алам гириста будам. Дасту дилам ба коре намерафт, ҳатто варзишро бас кардам. Вале бо кумаки Худо боз ба пои худ рост шудам ва чанд сол баъд рафтам ва ҳамон фурӯшгоҳи сеқабатаи замонавиро, ки дар ҷои бозори мо сохта буданду он вақт маро ҳатто ба як гӯшааш ҳам роҳ надода буданд, бо ҳамаи 120 мағозааш харидам. Ин фурӯшгоҳ пурра аз мо шуд. Барои ҳамин, гуфтаниам ба ҳама, ки дар рӯзи сахтӣ рӯҳафтода набояд шуд. Рӯзе мешавад, ки Худованд ба шумо чизи беҳтар аз ончиро, ки аз даст додед, медиҳад”, – нақл кард  Раҳим.

Ӯ аз таҷрибаи худаш нақл кард, ки соли 2008 банкрот шуд, вале тавонист корро дубора аз сифр оғоз кунад ва боз ба по бихезад. Раҳими Ғармӣ мегӯяд, ба назари вай, пул инсонро дигар намекунад, балки кӣ будани ӯро нишон медиҳад.

“Вақте ки ба Русия рафтам, мисли ҳамаи тоҷикҳои дигар, ман ҳам азоби зиёд кашидам. Сахтиро дидам, сардиро дидам, пастиро дидам, ҳатто гуруснагиро ҳам дидам. Доим кор мекардам. Ҳатто вақте ки дар тиҷорат муваффақ шудам, боз ҳам шабу рӯз аз паси кор будам. Вале як вақт ба худам фикр кардам, ки зиндагӣ набояд чунин бошад, набояд ҳама умри одам фақат дар кору кору кор гузарад. Мо барои кӣ кор мекунем? Барои падару модар, барои фарзандони худ… Ва ман ба худ тасмим гирифтам, ки вақти худро тақсим кунам. Имрӯз ман бисёри вақти худро дар пеши падару модар, дар пеши занону фарзандон мегузаронам”, – мегӯяд ӯ.

Диловар Сафаров аз Раҳими Ғармӣ пурсид, ки шумо аз паси пул медавед, ё пул аз паси шумо?

Раҳими Ғармӣ дар посух табассуме кард ва ин масалро овард: “Рӯзе гурбачае бо думи худ бозӣ мекард. Давр мезад, давр мезад, то думи худро биқапад. Аммо ҳарчанд суръати худро тез мекард, ба думаш расида наметавонад, баракс думаш аз вай дуртар мешуд. Гурбаи калонӣ ин ҳолатро аз боло назорра мекард. Гуфташ, накун, ки намешавад. Мо кардем, нашуд. Гурбача гӯш карду аз паси кори худ рафт. Аммо дид, ки дум аз пасаш омада истодааст.  Ҳар қадар аз паси пул давидӣ, пул ҳамон қадар аз ту дур мешавад. Агар коратро дӯст доштӣ, бо муҳаббат кор кардӣ, пул аз паси ту меояд.”

Раҳими Ғармӣ гуфт, ҳоббии ӯ варзиш аст ва бахусус ба гуштини тарзи озод алоқа дорад. Ӯ дар толори варзишӣ ҳунари худро дар гимнастикаву вазнбардорӣ ва муштзанӣ ба Диловар намоиш дод ва бо ин блогер гуштин ҳам гирифт.

Раҳими Ғармӣ, ки бо як забони равони адабӣ суҳбат мекард, аз шеъру адабиёт низ огоҳ буда, дар суҳбат бо Диловар порае чанд аз ашъори Рӯдакиро низ қироат кард.

Ӯ  ба соҳибкорони тоҷик ҳамчун маслиҳат гуфт, “ростӣ, ман дар зиндагӣ ҳарчӣ ёфтам, аз додан ёфтам. Дар дунё ду тоифа одам ҳаст: диҳанда ва гиранда. Шумо кӯшиш кунед, ки аз ҷумлаи диҳандагон бошед. Ин монанди донаи гандумест, ки шумо ба замин меандозед, он бузург мешавад ва хӯшаҳои бузург ба бор меорад. Ончӣ, ки шумо медиҳад, ҳамон аз они шумост. Ончӣ ки дар шумост, он аз они шумо нест.

Ҳар кӣ омад ба ҷаҳон, аҳли фано хоҳад буд,

Онкӣ пояндаву боқист, Худо хоҳад буд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button