ВидеоМуҳоҷирон

ИХРОҶИ 37 МУҲОҶИР ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНИИ ТОҶИКҲОВУ ЧЕЧЕНҲО ДАР МИТИШИ (ВИДЕО)

Татяна Петрова, сухангӯи пулиси вилояти Маскав ба хабаргузории РИА Новости  хабар дод, ки дар пайи занозании рӯзи 5 август дар шаҳри Митиши 37 муҳоҷирро аз Русия ихроҷ кардаанд. Петрова аз кадом кишвар будани онҳоро нагуфт, вале онҳо ғолибан шаҳрвандони Тоҷикистонанд, чунки дар Митиши рӯзи 5 август зодагони Тоҷикистон ва Чеченистон муноқиша карда буданд.

Татяна Петрова гуфт, дар пайи занозанӣ дар Митиши 66 муҳоҷирро дастгир карда, нисбат ба онҳо 134 протоколи маъмурӣ тартиб доданд. Аз ҷумла 54 протокол барои вайрон кардани қоидаҳои сабти ном (моддаи. 18.8 КоАП РФ), 65 протокол — барои майдаавбошӣ (моддаи. 20.1 КоАП РФ), 15 протокол — барои истеъмоли машрубот дар макони мамнӯъ (моддаи 20.20 КоАП РФ). 

Дар натиҷа 49 нафарро ба маблағи 5-ҳазоррублӣ ҷарима баста, барои ихроҷи баъдӣ ба Маркази нигаҳдории хориҷиён фиристодаанд. 37 нафари онҳо алакай ба ватанашон фиристода шудаанд.

Татяна Петрова гуфт, ба зидди зани 54-сола аз ҷумҳурии Чувашистон, соҳиби ҳостеле, ки хориҷиён зиндагӣ мекарданд, бар асоси моддаи 322.1 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ин занро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз боздошт ҷавоб додаанд.

Қаблан ФАН (Федеральное агентство новостей) аз қавли як манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дода буд, ки муноқишаи рӯзи 5 август дар кӯчаи Пограничная дар шаҳри Митишии вилояти Маскав ба сабаби онки зодагони Тоҷикистону Чеченистон кадом тиҷоратро тақсим карда натвонистаанд, рух додааст. Вале  шоҳидони ҳодиса ба “Бомдод” фарзияи комилан дигарро нақл карданд. Ба гуфтаи  онҳо, вақтҳои охир зодагони Чеченистон ва дигар ҷумҳуриҳои Қафқози шимолӣ талош доранд, то муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро “доля” банданд, вале онҳо розӣ нестанд ва муқовимат нишон дода истодаанд.

«Ҳамон рӯзи 5 август зодагони Чеченистон ба муҳоҷирони ӯзбек дар Одинтсово низ ҳамла карданд. Чанд рӯз пештар дар Петербург ба сари муҳоҷирони зодаи Бадахшон омада буданд. Дар Митиши муҳоҷирони тоҷик дар хонаи худ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд ва маҷбур буданд, ки аз худ дифоъ кунанд. Вале ҳоло ҳама гуноҳро ба гардани онҳо бор карда истодаанд”, – нақл карданд ҳамсуҳбатони “Бомдод”.

ФАН хабар дод, ки дар пайи занозанӣ се зодаи Чеченистонро дар бемористон бистарӣ кардаанд: ду нафарро бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва як сокини 49-солаи ноҳияи Шалии Чеченистонро –  бо захмҳои корд дар ноҳияи шикамаш. Бино ба иттилои ин хабаргузорӣ, кормандони пулис тавассути видеокамераҳои назоратӣ шахсияти нафареро, ки зодаи Чеченистонро корд зада буд, муайян карданд ва бо ин иттиҳом як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд. ФАН гуфт, ки ӯ гуноҳашро фақат қисман эътироф кардааст.

Дар чанд ҳафтаи охир дар чанд шаҳру вилояти Русия занозаниҳои гуруҳӣ байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо рӯй дод, ки нигаронии ҷиддии мақомоти Русияро ба бор овардааст.ВКД Русия ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи вуруд маҳрум хоҳанд кард.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав рӯзи 28 август х дар блоги худ бо як лаҳни тунд дар бораи муҳоҷироне, ки даст ба қонуншиканиҳо ва занозанӣ мезананд, изҳори назар кард ва навишт:  “Ин хел мумкин нест. Моро аз чунин меҳмонҳо хуш намеояд.” Собянин хабар дод, ки дар моҳҳои охир пулис ба зидди муҳоҷирон як силсила рейдҳои шадид анҷом дод ва дар натиҷа, нисбат ба муҳоҷирон 800 парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, ҳудуди 200 нафарро за Русия депортатсия кардаанд ва 17,5 ҳазор нафари дигарро аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд.

Шояд барои касе ин аз ҳад сангин намояд. Вале дар оянда ҳам чунин хоҳад буд. Маскав шаҳри меҳмоннавоз аст. Вале хоҳиш мекунем, ки дар меҳмонӣ ба таври шоиста рафтор кунед “,  – хитоб кардааст Собянин ба меҳмонони пойтахти Русия.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button