ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДЕПОРТАТСИЯИ ЗАНИ ТОҶИК ВА КӮДАКАШ АЗ РУСИЯ БАРОИ ЯК ХАТО ДАР ШИНОСНОМА (ВИДЕО)

 

Як зани 32-солаи шаҳрванди Тоҷикистон ва кӯдаки 9-солаи ӯро, ки аз 25 то 30 август, дар тӯли 5 шабонарӯз дар фурудгоҳи Бегишевои шаҳри Нижнекамски ҷумҳурии Тотористони Русия дармонда буданд, рӯзи 30 август бо парвози ширкати «Уральские авиалинии» ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии НТР 24  аз қавли манобеи худ хабар дод.

Ёдовар мешавем, сарнавишти ин зану кӯдакашро, ки барои як иштибоҳ дар шиноснома онҳоро ба қаламрави Русия роҳ надоданд, сокини Нижнекамск Алберт Хисамов расонаӣ кард. Хисамов дар шабакаи “ВКонтакте” навишт, ки дар толори фурудгоҳ барои ин зан ва кӯдакаш як чизи монанд ба кати хоб дуруст кардаанд ва мехоҳанд, ки ӯро ба Тоҷикистон пас бифиристанд. “Шиносномаи ӯро гирифтаанд ва пас намедиҳанд. Тавре маълум шуд, ӯро иҷозати вуруд ба Русия намедиҳанд, чунки мақомоти ВКД дар шиносномааш дар навишти насаби ин зан иштибоҳе пайдо кардаанд. Аз ҷониби ӯ иштибоҳе нест, вале мушкилашро ҳал кардан намехоҳанд, балки мехоҳанд, ки ӯро ба Тоҷикистон пас бифиристанд”, – менависад муаллиф.

Дар видеое, ки дар Интернет нашр шудааст, ин зан аз паси кадр мегӯяд: “Салом алейкум. Ман бо кӯдакам дар фурудгоҳи Нижнекамск қарор дорам. Се шабонарӯз шуд…”

Маъмурияти фурудгоҳи Бегишевои шаҳри Нижнекамски ҷумҳурии Тотористони Русия рӯзи 28 август дар саҳифааш дар шабакаи «ВКонтакте» расман қазияи боздошти як зан аз Тоҷикистонро, ки инак 4 шабонарӯз боз наметавонанд аз ин фурудгоҳ берун бароянд, шарҳ дод.

Бино ба фарзияи маъмурияти фурудгоҳ, ин зани соли таваллудаш 1989 бо кӯдаки нӯҳсолааш рӯзи 25 августи соли 2021 бо парвози Хуҷанд-Бегишевои ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” ба Бегишево омад, вале азбаски ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро надошт, ба вай иҷозати вуруд надоданд. “Тибқи қонунгузории Русия, ба ин шаҳрванд вуруд ба қаламрави Русия манъ карда шудааст. Ба ин сабаб ин зан ҳамроҳи кӯдакаш дар минтақаи тасфияи фурудгоҳи Бегишево қарор дорад. Бо кумаки фурудгоҳ ва ширкати ҳавопаймоӣ барои ин зан ва кӯдакаш ҷиҳози хоб ва ҷои хоб ҷудо карда, онҳоро бо се вақт хӯроки гарм таъмин кардаанд. Депортатсияи онҳо ба рӯзи 30 августи соли 2021 тавассути парвози ширкати “Уралские авиалинии” ба нақша гирифта шудааст”, – гуфта мешуд дар шарҳи маъмурияти фурудгоҳи Бегишево

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button