ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ БАРОДАРАШРО КОРД ЗАД…

Марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён ба он гумонбар мешавад, ки шаби 29 август, тахминан соати 22:00,  дар ҳолати мастӣ ба шиками бародари 32-солааш як зарбаи корд задааст. Ҷабрдидаро бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бистарӣ кардаанд.

ххххххххххх

Марди 30-солаи сокини ноҳияи И.Сомонии ш. Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки  рӯзи 31 май гумонбар дар кӯчаи Д.Халқҳои пойтахт  бо роҳи фиреб ба боварии марди 46-солаи сокини ноҳияи И.Сомонӣ даромада, аз ӯ 22 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки барояш мошини тамғаи «БМВ Х-7» оварда медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода,  маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 1 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дар ҳолати мастӣ бо корд захмӣ намудани бародар

Ба ШВКД дар ноҳияи Кушониён бо ариза марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 29-уми августи соли 2021, тахминан соати 22:00, марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар ҳолати мастӣ бародараш марди 32-соларо бо корд 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 46-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 31-уми майи соли 2021, дар кӯчаи Д.Халқҳои пойтахт марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 22 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ автомашинаи тамғаи «БМВ Х-7» оварда медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button