Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ: ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАМАГӢ 33 БЕМОРИ КОРОНАВИРУС БОҚӢ МОНДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 30 август хабар дод, ки давоми як шабонарӯзи охир дар кишвар 39 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавнируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар айни замон 42 нафар  аз коронавирус шифо ёфтаанд ва хушбахтона, ягон ҳолати марг аз ин беморӣ сабт нашудааст. Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии пандемия то шоми 30 август  дар Тоҷикистон 16 817 ҳолати гирифторӣ ба коронавируси нави COVID-19 сабт  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 660  нафар (99,1%) шифо ёфта, 124 нафар фавтидаанд.

Аз ин омори расмӣ бармеояд, ки то шоми 30 август дар Тоҷикистон: чӣ дар шароити хона ва чӣ бемористон ҳамагӣ …33 бемор аз коронавирус табобат мегиранд.

Ин ҳатто камтар аз 38 нафарест, ки ба коронавирус сироят шуданашон тоза ҳамин рӯзи 30 август ошкор шудааст. Ин омор арқоми расмии вазорати тандурустӣ дар бораи вазъи паҳншавии коронавирусро дар Тоҷикистон дигарбора зери шакку шубҳа қарор додааст.

Зеро, қарори маълум, дар байни чанд соат шифо ёфтан аз гриппи оддӣ ҳатто имкон надорад. Барои табобати коронавирус, ба гуфтаи табибон, камаш ду ҳафта лозим аст. Дар ду ҳафтаи охир ба ҳисоби расмии худи вазорати тандурустӣ беш аз 600 нафар гирифтори коронавирус шудаанд.

Пурсида мешавад, ки агар ҳоло ҳамагӣ 33 бемори коронавирус боқӣ монда бошад, ин 600 бемор куҷо шуданд?

“Бомдод” як рӯз пеш омори бардурӯғи вазорати тандурустӣ дар мавриди пандемияро ба риштаи таҳлил кашида буд. Ин матлабро метавонед инҷо бихонед:

УМРИ ДУРӮҒ КӮТОҲ АСТ: ЯК ДУРӮҒИ ШОХДОРИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ОШКОР ШУД

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button