Илму фанноварӣ

РЕКТОРИ ДМТ ДОНИШҶӮЁНИ ЯТИМУ МАЪЮБРО АЗ ПАРДОХТИ ПУЛИ ХОБГОҲ ОЗОД КАРД

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон  Хушвахтзода дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон ҳамаи донишҷӯёни имконияташон маҳдуд ва ятимро аз пардохти пули хобгоҳ озод кардааст. Дар ин бора дар Фейсбук журналист Умедҷон Холов хабар дод.

Ӯ ин қарори профессор Хушвахтзодаро “як иқдоми ғамхорона ва ташаббуси хайрхоҳона”  навиштааст, “ин амали ҷавонмардонаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, туҳфаи арзишмандест, барои кулли онҳое, ки имконияти маҳдуд доранд ва имрӯзҳо дар донишгоҳи мазкур илм меомӯзанд.”

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 39 сол дорад ва яке аз ҷавонтарин ректорҳои мактабҳои олии Тоҷикистон аст. Ӯ 5 июни соли 1982 дар ноҳияи Данғара дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, соли 2004 риштаи баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллиро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит хатм кардааст. Қобилҷон  Хушвахтзода, ки қаблан декани риштаи молиявию иқтисодии ДМТ буд, 27 январи соли 2020 ректори Донишгоҳи миллӣ таъйин шуд.

Умедчон Холов

ТАШАББУСИ ХАЙРХОҲОНА

Боз як иқдоми ғамхорона ва ташаббуси хайрхоҳонаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Устоди муҳтарам, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт моро хушҳолу болидаруҳ намуд.

Дар остонаи Ҷашни бузурги миллӣ, 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шахсияти меҳандӯст ва пайрави асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи донишҷӯёни имконияташон маҳдуд ва ятимро аз пардохти маблағи хобгоҳ озод намуданд.

Ин амали ҷавонмардонаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, туҳфаи арзишмандест, барои кулли онҳое, ки имконияти маҳдуд доранд ва имрӯзҳо дар донишгоҳи мазкур илм меомӯзанд.

Аз ин иқдоми неки профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт самимона изҳори сипосу миннатдори менамоем ва ба Ӯ саломатии бардавом, умри дарози бобаракат, комёбиҳои беназир дар фаъолияти роҳбарӣ ва ва дастовардҳои беназир дар зиндагию рӯзгор таманно менамоем.

Бо қатъият ва боварӣ изҳор медорем, ки аз ин гуна дастгириҳо рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои фардои дурахшони ин меҳан, бештару беҳтар талош менамоем.

Ҷаҳони сипос!!!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button