ВидеоТоҷикистон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА 90 НАФАР, АЗ ҶУМЛА БА РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ МЕДАЛ ДОД (117 АКС)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 август дар Қасри Миллат ба муносибати ҷашни сисолагии истиқлоли ҷумҳурӣ ба 88 нафар роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои ҳукумат медалҳои ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим карда,  2 нафарро бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонд.

Дар байни онҳое, ки сазовори медалу унвон шуданд, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ, сарвазир Қоҳир Расулзода ва дигар аъзои ҳукумат, аз ҷумла вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур, раиси Кумитаи радио ва телевизион Нуриддин Саид, ёрдамчии президент дар масоили кадрӣ Асадулло Раҳмон, сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифзода, собиқ шаҳрдори Душанбе ва собиқ раиси Маҷлиси миллӣ Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси собиқи Маҷлиси намояндагон Сайдулло Хайруллоев, муовинҳои собиқи раиси парлумон Амиршо Миралиев, Қозидавлат Қоимдодов ва Абдулмаҷид Достиев, вазирони собиқи корҳои хориҷӣ Талбак Назаров ва Ҳамрохон Зарифӣ, вазири собиқи молия Сафаралӣ Наҷмуддинов низ буданд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон олими шинохта академик Акбар Турсон, шоирону адибони маъруф, аз ҷумла Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Кароматулло Мирзоевро қадрдонӣ кардааст.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ  31.08.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button