Номаҳо ба президентНуқтаи назарСиёсат

ИЗҲОРОТИ ИДОРАИ ПОЙГОҲИ ХАБАРИИ “БОМДОД”

Чанд вақт боз дар Интернет сомонае пайдо шудааст, ки кораш фақат дуздидану бознашр кардани матлабҳои сомонаи “Бомдод” буд. Ин сомона ҳамаи матлабҳо ва ҳатто дизайни сомонаи “Бомдод”ро нусхабардорӣ мекард ва ҳатто номаш низ тақрибан монанди “Бомдод” аст, фақат бо иловаи як ҳарфи “ӣ”: “Бомдодӣ”.

Аз аввал маълум буд, ки баъди як муддат бо нусхабардории матлабҳои “Бомдод” ҷамъ овардан, балки дуздида бурдани як қисми хонандагони сомонаи аслии “Бомдод” ин сомонаи қалбакӣ ба иҷрои мақсади асосиаш – нашри матлабҳои пропагандистии “фермаи ҷавоб” ва эҷоди чунин тасаввур дар зеҳни мардум, ки ин матлабҳо ҳам моли “Бомдод” бошанд, шурӯъ мекунад.

Ва чунин ҳам шуд: Рӯзи 31 август дар ин сомонаи фейкии “Бомдодӣ” аввалин мақолаҳои “фермаи ҷавоб” пайдо шуданд.

Идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расман изҳор медорад: Ин сомонаи қалбакӣ рабте ба пойгоҳи “Бомдод” надорад ва ҳарчӣ ки дар он чоп мешавад, ки бо мақсади резондани обрӯи “Бомдод” буда, мо чунин амал ва ҳамчунин дуздии матлабҳои “Бомдод” аз сӯи сомонаи қалбакиро шадидан ва қатъиян маҳкум мекунем.

Идораи сомонаи “Бомдод” талошҳои ҳуқуқиро барои масдуд кардани ин сомонаи матлабдузд шурӯъ кардааст ва то ба охир хоҳад бурд.

Вале ҷои нигаронии бештар ин аст, ки баъди чанд моҳе, ки ”фермаи ҷавоб”, ин гуруҳи саропо шармсору бадномшудаи троллҳои мақомоти махсуси Тоҷикистон, ки аз замони ба Тошканд “бадарға” шудани ёрдамчии собиқи президент Абдуҷаббор Раҳмонзода аз фаъолият бозмонда буд ва ҷони мардум аз шарраш осуда буд, аз нав фаъол мешавад.

Ҷои нигаронии боз ҳам бештар ва ҳатто бонги хатар ин аст, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон бо вуҷуди он ки тағйири вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя чӣ қадар чолишҳои ҷиддии амниятиро ба вуҷуд овардааст, он ҳамаро як сӯ монда, ҳамчунон дунболи зӯри беҳуда задану сомонаҳои қалбакӣ сохтан ва аз нав ба кор даровардани “фермаи ҷавоб” ба зидди мухолифону аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва матбуоти озод гашта истодаанд.

Дар воқеъ, вақт аст, ки ба сардамдорони ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон хитоб кунем ки: Каме дар фикри хатарҳои воқеӣ ба амнияти кишвар шавед, ҷанобон! Бас аст душман тарошидану душман сохтан аз онҳое, ки душман нестанд!

Ҷустуҷӯи гурбаи сиёҳ дар хонаи торик корест беҳуда! Хусусан вақте ки гурбаи сиёҳ дар он хона нест…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button