ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ИН МИЛЛАТГАРОИСТ! ПУШТИБОНИИ СИТОРАИ РУС ВОЛОЧКОВА АЗ ЯК ОИЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК (ВИДЕО)

Ҳунарманди шоистаи Русия, ситораи балет Анастасия Волочкова дар саҳифааш дар Инстаграм аз авҷ гирифтани миллатгароӣ дар шаҳраки Новаховои вилояти Маскав, ки ӯ дар онҷо зиндагӣ мекунад, шикоят кард. Волочкова дар як видеои 9-дақиқагӣ аз як оилаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон, ки дар коттеҷи ӯ дар Новахово зиндагӣ мекунанд, пуштибонӣ кард.

Анастасия Волочкова гуфт, ин оиларо дар хонаи худ ҷо додааст ва онҳо дар як хоначаи алоҳида дар ҳавлии коттеҷи ӯ зиндагӣ мекунанд. Ин оила дар хонаи Волочкова соҳиби се фарзанд шуд вва баъди Лола ду хоҳари ӯ низ аз Тоҷикистон ба Новахово омаданд ва инҷо як оилаи калони тоҷикӣ ба вуҷуд омад.

Вале дар ҳудуди шаҳраки Новахово ин оилаи тоҷикҳо дучори табъиз шудааст, чунки раҳбари шаҳрак овозхони собиқи гуруҳи як замони машҳури “Стрелки” Екатерина Любомская, ба гуфтаи Волочкова, аз он норозӣ аст, ки ин оилаи тоҷикҳо идҳои миллии худро бо шодиву шӯр ва садои баланд таҷлил мекунад ва болои ин, кӯдаконаш дар майдончаи кӯдакони Новахово ҳамроҳи кӯдакони сокинони дигари ин шаҳрак бозӣ мекунанд.

 «Ин духтаракҳо якеаш 5 ва дуюмиаш 3,5 сол доранд ва дар майдонча бо ҳавас бозӣ доштанд. Вале ӯ гуфтааст: “Фарзандони кормандон ҳаққи дар ин ҷо бозӣ кардан надоранд.” Ин миллатгароӣ аст!”, – бо як лаҳни пур аз эҳсосот изҳор дошт Волочкова.

Оилаи муҳоҷирони тоҷик ба Волочкова дар корҳои хоҷагӣ  ба ҳайси фаррош, боғбон ва ошпаз ба Волочкова ёрдам  мекунанд. Вале раққосаи балети рус гуфт, ки ин оиларо на корманд, балки узви оилаи худ мешуморад.

Онҳо корманд не, узви оилаи мананд. Чӣ фарқ дорад, ки аз кадом миллатанд? Аз рӯи миллат ҷудо кардани кӯдакони дар замони мо як кирдори хеле паст аст”, — изҳор дошт Волочкова.

 “Азизони ман, мехоҳам аз Шумо бипурсам. Наход дар хонаи худ роҳ додани оилае аз Тоҷикистон, Озарбойҷон ё Ӯзбекистон кори нангин бошад? Фарқ надорад, кӣ аз куҷост? Ҳамаи мо инсонем. Дар як замин ба сар мебарем, аз як ҳаво нафас мекашем. Ва кӯдакони мо низ ҳаққи баробар доранд. Чӣ гуна тавонистанд, ки ин фариштаҳои кӯчакро аз майдончаи кӯдакон пеш кунанд?”— навиштааст Волочкова дар зери видеои худ дар Инстаграм.

 “Бале, ман ин оиларо дар хонаам ҷой додам. Дар идҳои миллиашон ман ҳам иштирок мекунам. Чунки онҳо барои ман корманд не, узви оилаи мананд! Ва ҷудо кардани одамон аз рӯи миллат як кирдори нанговар аст! – чандин бор дар видеояш такрор кардааст Волочкова.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button