ВидеоМуҳоҷирон

НАШРИ ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ ЗАНОЗАНИИ МУҲОҶИРОН ДАР МАРКАЗИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Дар Интернет видеои лаҳзаи занозании муҳоҷирон дар кӯчаи Бауман дар маркази пойтахти Русия, шаҳри Маскав нашр шуд. Дар сабт дида мешавад, ки ду гуруҳи ҷавонон дар кӯча занозанӣ доранд, бо садои баланд фарёд мекашанд ва дашномҳои қабеҳ низ ба гӯш мерасанд.

Пулиси Маскав хабар дод, ки дар пайи ин занозанӣ 49 нафарро ба шуъбаи пулис оварда, нисбат ба 15 нафари онҳо прокотолҳои маъмурӣ тартиб доданд. Бо 34 нафари боқимонда суҳбатҳои профилактикӣ анҷом додаанд.

Дар бораи осеб дидани касе дар занозании ахир ҳанӯз иттилое ба даст нарасидааст.

Пулис гуфт, тафтиши ҳодиса идома дорад ва бар асоси натиҷаҳои он, дар мавриди иштирокчиёни занозанӣ дар кӯчаи Бауман чораҳои қонунӣ андешида хоҳанд шуд.

Мақомоти Русия вақтҳои охир муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои гуруҳӣ аз ин кишвар ихроҷ ва ба муддати тӯлонӣ, ҳатто барои 40 сол аз ҳаққи бозгашт маҳрум мекунанд.

Тайи ду рӯзи охир дар шаҳри Маскав боз ду занозании гуруҳӣ бо иштироки муҳоҷирон рӯй дод.

Як рӯз қабл аз занозанӣ дар кӯчаи Бауман, рӯзи 26 август пулиси Маскав беш аз 20 муҳоҷирро барои занозанӣ дар як ҳостел дар кӯчаи адмирал Корнилов дар Новая Москва дастгир кард. Бино ба иттилои пулис, нисбат ба 7 нафар бо иттиҳоми майдаавбошӣ ва нисбат ба 5 тани дигар барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират протоколи маъмурӣ тартиб дода, ҳамаи онҳоро барои 12 рӯз ба ҳабс гирифтаанд. Ҳоло масъалаи депортатсияи 5 нафар дар дасти баррасӣ қарор доштааст.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин рӯзи 28 август дар блоги худ бо як лаҳни тунд дар бораи муҳоҷироне, ки даст ба қонуншиканиҳо ва  занозанӣ мезананд, изҳори назар кард ва навишт:  Ин хел мумкин нест. Моро аз чунин меҳмонҳо хуш намеояд.”

Собянин хабар дод, ки дар моҳҳои охир пулис ба зидди муҳоҷирон як силсила рейдҳои шадид анҷом дод ва дар натиҷа, нисбат ба муҳоҷирон 800 парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, ҳудуди 200 нафарро за Русия депортатсия кардаанд ва 17,5 ҳазор нафари дигарро аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд.

Шояд барои касе ин аз ҳад сангин намояд. Вале дар оянда ҳам чунин хоҳад буд. Маскав шаҳри меҳмоннавоз аст. Вале хоҳиш мекунем, ки дар меҳмонӣ ба таври шоиста рафтор кунед “,  – хитоб кардааст Собянин ба меҳмонони пойтахти Русия.

ВКД Русия  низ қаблан ҳушдор дода буд, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи вуруд маҳрум хоҳанд кард.

 Бино ба гузоришҳо, 46 иштирокчиии занозании шаби 12 июл дар назди истгоҳи метрои “Кузминки” дар пайи ихроҷашон барои 40 сол аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум карда шудаанд. Пулиси Маскав гуфт, дар маҷмӯъ бояд 87 иштирокчии он занозанӣ аз Русия пеш карда шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button