Муҳоҷирон

ЯК ЗАН АЗ ТОҶИКИСТОН БО КӮДАКАШРО СЕ РӮЗ БОЗ АЗ ФУРУДГОҲИ НИЖНЕКАМСК БЕРУН БАРОМАДАН НАМЕМОНАНД (ВИДЕО)

Сомонаи медиаҳолдинги НТРхабар дод, ки як зан бо кӯдакаш, ки аз Тоҷикистон омадааст, се шабонарӯз боз дар толори фурудгоҳи “Бегишево” дар канори шаҳри Нижнекамск қарор дорад ва ба вай иҷозати вуруд ба қаламрави Русия намедиҳанд.

Алберт Хисамов ном сокини Нижнекамск дар шабакаи “ВКонтакте” навиштааст, ки дар толори фурудгоҳ барои ин зан ва кӯдакаш як чизи монанд ба кати хоб дуруст кардаанд ва мехоҳанд, ки ӯро ба Тоҷикистон пас бифиристанд.

 “Шиносномаи ӯро гирифтаанд ва пас намедиҳанд. Тавре маълум шуд, ӯро иҷозати вуруд ба Русия намедиҳанд, чунки мақомоти ВКД дар шиносномааш дар навишти насаби ин зан иштибоҳе пайдо кардаанд. Аз ҷониби ӯ иштибоҳе нест, вале мушкилашро ҳал кардан намехоҳанд, балки мехоҳанд, ки ӯро ба Тоҷикистон пас бифиристанд”, – менависад муаллиф.

Дар видеое, ки дар Интернет нашр шудааст, ин зан аз паси кадр мегӯяд: “Салом алейкум. Ман бо кӯдакам дар фурудгоҳи Нижнекамск қарор дорам. Се шабонарӯз шуд…”

https://vk.com/wall428041130_704

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button