Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 3 НАФАР, АЗ ҶУМЛА РОНАНДАИ АВТОБУСИ КОРХОНАИ ТАЛКО, ДАР 3 САДАМА

ВКД Тоҷикистон хабар дод, мутаассифона, 25-уми августи соли 2021, тахминан соати 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лиаз”, Зиёдуллоев Насибулло Ғаюрович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, корманди ҶСК Ширкати “Алюминий-Тоҷик”, гирифтори бемории фишорбаландӣ буда, ҳангоми ба кор овардани кормандони корхонаи мазкур тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ фишораш баланд шуда, аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби оҳанин бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лиаз”, Зиёдуллоев Н.Ғ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 27-уми августи соли 2021, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра”, Ҳакимов Асадулло Мамадалиевич, соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи шаҳри Ҳисор, дар ҳолати мастӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи мазкур аз уҳдаи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Холматов Садриддин Абдураҳимович, соли таваллудаш 2005, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Холматов С.А, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, рӯзи 27-уми августи соли 2021, тахминан соати 02:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хово”, Шарипов Сулҳиддин Умархуҷаевич, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Дарвоз, ҳангоми кор кардан дар мавзеи “Садика”-и ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи мазкур дар вақти кашонидани сангу шағал, ҳангоми ба қафо ҳаракат намудан Абдуллоев Давлаталӣ Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, шаҳрванд Абдуллоев Д.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button