Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАБСИ ДУ МАЪМУРИ МАРКАЗИ ДИЛХУШИИ “ПМС” ДАР ПАЙИ ЛАТТУКӮБИ ЯК МИЗОҶИ МАСТ (АКС)

Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати 2-нафар маъмурони маркази дилхушии «ПМС» барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Вақтҳои охир дар маконҳои ҷамъиятӣ ҳодисаҳои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдор сохтани оромии шаҳрвандон дар вақти шабона ба қайд гирифта мешавад, ки дар натиҷа нафарони қонуншикан ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида шуда истодаанд. Вале, мутаассифона ин аъмоли бад ва татбики ҷазо ба дигарон дарси ибрат нагаштааст. Гарчанде қаблан дар чандин маврид содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ аз ҷониби мизоҷони сархуши бархе аз нуқтаҳои хуроки умум ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ ба қайд гирифта шуда бошад, ин навбат соҳибмулк ва назоратчиёни маркази дилхушӣ ба ҷои таъмини бехатарии мизоҷон худ даст ба бетартибӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ задаанд.
  Чунончӣ, санаи 21-уми августи соли ҷорӣ тақрибан соати 03:30 дар маркази дилхушии «Зебои меҳр» (ПМС) воқеъ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ байни соҳибмулк ва мизоҷон муноқиша ба миён омадааст, ки боиси халалдор гаштани оромии дигар шаҳрвандон гардидааст. 
  Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ гузаронида шуда, муайян карда шуд, ки маъмуру назоратчиёни тарабхонаи мазкур бо як гурӯҳ мизоҷони  маркази дилхушии «Зебои меҳр» (ПМС), ки дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд, муноқиша карда, як нафар мизоҷро зери латукӯби шадид қарор додаанд, ки дар натиҷа ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
  Дар натиҷа барои содир намудани ҷинояти авбошӣ ва халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ ду нафар маъмурони тарабхонаи мазкур бародарон:
Саидов Авғон Фатҳуллоевич санаи таваллуташ 09.07.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Махсум;


Саидов Саидавлиё Фатҳуллоевич санаи таваллудаш 04.04.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Махсум дастгир карда шуданд.


  Айни замон нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати ҳарду чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабси пешакӣ татбиқ карда шуда, нисбати дигар иштирокчиёни ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button