Хабарҳои кӯтоҳ

ДАРКУШОӢ КУН, НА ДАРБАНДӢ: КОРМАНДОНИ КҲФ БОЗ СЕ ДАРИ ОҲАНИНРО КУШОДАНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 28 август хабар дод, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ҳодисаҳои табии фавқулодда мушоҳида нашудааст, вале кормандони ин ниҳод дар Душанбе се маротиба бо даъвати сокинон барои кушодани дарҳои оҳанин ба гӯшаҳои гуногуни пойтахт рафтаанд.

Наҷотбахшон аз ҷумла бо истифодаи асбоби махсус ва таҷҳизоти кӯҳнавардӣ твонистаанд дарди даромади се хонаро дар байни ҳамагӣ чанд дақиқа боз кунанд.

Дар ду хона кӯдакони хурдсол дармонда буданд. Кӯдакон осебе надидаанд ва ба кумаки тиббӣ ниёз надоштанд. Наҷотбахшон бо падари модару онҳо дар бораи зарурати эҳтиёткорӣ, хусусан ҳангоми дар хона қарор доштани кӯдакони хурдсол, суҳбат кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button