ВидеоМуҳоҷирон

БОЗ ДУ ЗАНОЗАНИИ МУҲОҶИРОН ДАР МАСКАВ: 7 КАС ҲАБС ШУД, 5 КАС – ДЕПОРТАТСИЯ (ВИДЕО)

Тайи ду рӯзи охир дар шаҳри Маскав боз ду занозании гуруҳӣ бо иштироки муҳоҷирон рӯй дод.

Бино ба иттилои пулис, шоми 27 август, муҳоҷирон дар кӯчаи Бауман дар маркази Маскав аз гиребони якдигар гирифтаанд. Онҳо то омадани пулис аз ҷои ҳодиса фирор карданд, вале лаҳзаи занозанӣ ба дурбини камераҳои назоратӣ афтодааст. Пулис 12 шаҳрванди Қирғизистон, як шаҳрванди Ӯзбекистон ва як шаҳрванди  Тоҷикистонро дастгир кардааст.

Рӯзи 26 август пулиси Маскав беш аз 20 муҳоҷирро барои занозанӣ дар як ҳостел дар кӯчаи адмирал Корнилов дар Новая Москва дастгир карданд. Бино ба иттилои пулис, нисбат ба 7 нафар бо иттиҳоми майдаавбошӣ ва нисбат ба 5 тани дигар барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират протоколи маъмурӣ тартиб дода, ҳамаи онҳоро барои 12 рӯз ба ҳабс гирифтаанд. Ҳоло масъалаи депортатсияи 5 нафар дар дасти баррасӣ қарор доштааст.

Рӯзи 28 август шаҳрдори Маскав Сергей Собянин хабар дод, ки барои вайрон кардани тартибот ҳудуди 200 муҳоҷир аз кишварҳои СНГ аз Маскав ихроҷ шуда, тақрибан 17,5 ҳазор муҳоҷири дигар аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум карда шудаанд. Собянин гуфт, ин ихроҷҳо бо занозаниҳои оммавии байни муҳоҷирон, ки вақтҳои охир дар Маскав зиёд шудаанд, робита доранд.

Дар чанд ҳафтаи охир дар чанд шаҳру вилояти Русия занозаниҳои гуруҳӣ байни муҳоҷирон ва бо иштироки онҳо рӯй дод, ки нигаронии ҷиддии мақомоти Русияро ба бор овардааст. ВКД Русия ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи вуруд маҳрум хоҳанд кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button