Минтақа ва ҷаҳонСиёсат

ТОЛИБОН МУҲОФИЗОНИ КАРЗАЙ ВА ДОКТОР АБДУЛЛОҲРО БЕСИЛОҲ КАРД

Матбуоти Амрико, аз ҷумла CNN ва The New York Times, хабар доданд, ки ҷангиёни Толибон дар Кобул муҳофизони раисиҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай ва раиси Шӯрои олии сулҳ доктор Абдуллоҳро халъи силоҳ кардаанд. Гузашта аз ин, Карзай баъди маҳрум шудан аз муҳофизонаш ҳамроҳи аҳли оилаи худ дар хонаи доктор Абдуллоҳ паноҳ бурдааст.

Бино ба гузоришҳо, муҳофизони Карзайро ҳафтаи гузашта ва муҳофизони доктор Абдуллоҳрпо рӯзи 23 август бесилоҳ кардаанд. Намояндагони Толибон ба доктор Абдуллоҳ ва Ҳомиди Карзай гуфтаанд, ки ба онҳо дар Кобул ягон хатар таҳдид намекунад ва амнияташонро худи Толибон таъмин мекунад.

Баъди онки президент Ашраф Ғанӣ рӯзи 15 август аз Афғонистон фирор кард, доктор Абдуллоҳ ва Карзай бо нашри муроҷиатномаҳои видеоии алоҳида изҳор доштанд, ки дар Ватан ҳамроҳи мардуми худ мемонанд. Карзай он видеоро дар канори фарзандонаш дар хонаи худаш сабт карда буд.

Ин ду сиёсатмадор ҳамроҳи Гулбуддин Ҳикматёр, сарвазири собиқ ва раиси ҳизби исломӣ як Шӯрои ҳамоҳангсоз низ ташкил доданд, ки ҳадафаш таъмини интиқоли сулҳомези қудрат аз ҳукумати қаблӣ ба маъмурияти нав дар Афғонистон буд.

Рӯзи 25 август шабакаи телевизионии Ariana News хабар дод, ки роҳбарони Толибон дар фикри таъсиси як Шӯрои роҳбарии Афғонистонанд, ки қарор аст, Ҳомид Карзай, доктор Абдуллоҳ ва Гулбуддин Ҳикматёр низ ба ҳайъати он шомил шаванд.

Вале Муслим Ҳайёт, собиқ атташеи ҳарбии Афғонистон дар Лондон ба The New York Times гуфт, Карзай ва Абдуллоҳ дар Кобул дар вазъи торафт мушкилтар қарор доранд.  “Мо хеле нигаронашон ҳастем”, – гуфт Ҳайёт, ки хабари ғасби хонаи Карзайро аз нафароне, ки то ҳол дар Кобуланд, шунидааст. Ёвари доктор Абдуллоҳ аз шарҳи ин мавзӯъ бо The New York Times худдорӣ кардааст, вале Саъд Муҳсинӣ, мудири кулли ширкати  MOBY Media Group, молики шабакаи маъруфи телевизионии “Тулӯъ” гуфтааст, ки бо Карзай ва Абдуллоҳ дар тамоси доим буд ва чунин таассуроте ҳосил кард, ки мулоқотҳои онҳо бо намояндагони Толибон саҳнасозие беш нест.

“Бо онҳо дар бораи масоили умумӣ ҳарф мезананд, Ба мисли ваҳдати миллӣ, ором кардани ҷомиа, ба даст овардани ризоияти миллӣ. Вале ягон гуфтугӯи муҳиме дар бораи давлати оянда бо онҳо сурат намегирад ”, — мегӯяд Муҳсинӣ.

Ҳазрат Умар Захилвал, собиқ вазири молияи Афғонистон, ки дар Кобул ҳамроҳи Карзай ва Абдуллоҳ бо намояндагони Толибон мулоқот дошт, низ ба The New York Times гуфтааст, ки то кунун ягон музокироти ҷиддӣ бо онҳо шурӯъ нашудааст ва суҳбатҳо ҳама гирди “ҳусни эътимод” ва “ошноии тарафайн” маҳдуд мешавад ва ҳарфе аз баҳси ояндаи кишвар нест.

Ҳомиди Карзай, ки аз қавми паштун аст,  соли 2001, дар пайи Толибонро аз Кобул рондани эътилофи байналмилалӣ ба қудрат расид ва то соли 2014 бар Афғонистон раҳбарӣ кард.

Доктор Абдуллоҳ, яке аз роҳбарони тоҷикҳои Афғонистон, дар ҳукумати Карзай вазири хориҷа буд ва дар ду интихоботи президентии солҳои 2014 ва 2019 рақиби асосии Ашраф Ғанӣ ба шумор мерафт. Ҳарду дафъа пирӯзиро ба Ғанӣ доданд ва бори аввал ба Абдуллоҳ ҳамчун гузашт мақоми раҳбари ҳукумати иҷроия ва бори дуюм мақоми раиси Шӯрои олии сулҳро доданд.

Доктор Абдуллоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол боқӣ мемонад. Охирин матлаби ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук шоми 26 август нашр шуда, ӯ дар ин матлаб ҳамла дар фурудгоҳи Кобулро, ки пурқурбонитарин ҳамла баъди Кобулро ба даст овардани Толибон дониста мешавад, шадидан маҳкум кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button