ВидеоСиёсат

НИМ СОАТ ХУДСАФЕДКУНИИ УСТОД АТО: ПОЁНИ ФИЛМИ “ИМПЕРАТОРИ БАЛХ” (ВИДЕО)

Муҳаммадатои Нур, волии собиқи Балх ва яке аз раҳбарони дар гузашта пурнуфузи тоҷикҳои Афғонистон, ки рӯзи 14 август дар пайи ба дасти Толибон суқут кардани шаҳри Мазори Шариф, аз тариқи Ӯзбекистон тарки Афғонистон кард ва ҳоло дар Дубай қарор доштааст, дар як мусоҳибаи қариб нимсоатӣ бо бахши форсии ББС талош кард, ки худро сафед кунад ва масъулияти шикасташ дар Мазори Шарифро ба гардани дигарон бор кунад ва худро соф нишон бидиҳад. Аммо худсафедкуниҳои “устод” Ато ба ҳадде заиф ва орӣ аз далели қобили мулоҳиза буд, ки муҷрии барномаи ББС чандин дафъа сухани ӯро бурид ва аз ӯ посухҳои рӯшантар ва мушаххастар хост.

“Устод” Ато, ҳамин тавр, натавонист шарҳ бидиҳад, ки вақте Мазори Шарифро супурд, чаро ба  кӯҳ нарафт ва ба муқовимат бо ҷанги чирикӣ идома надод ваё чаро ба Панҷшер, ба зери парчами Аҳмади Масъуд  нею савори ҷипҳои гаронбаҳояш пулу сарватҳояшро бардошта, ба Ӯзбекистон фирор кард? Аз нақли “устод” Ато бармеояд, ки  ҳамсангараш “маршал” Дӯстум ҳатто як тир  ҳам нозада, аз Мазори Шариф то Тошканд гурехтааст.

“Устод” Ато дар тӯли мусоҳиба ҳамчунон талош мекард, ки шонаҳоихудро аз бори масъулияти шикасти Мазори Шариф холӣ кунад  ва худро қурбонӣ нишон бидиҳад, вале танҳо таассуроте, ки аз суҳбатҳои ӯ ҳосил мешуд, ин буд, ки агар Мазори Шариф, бузургтарин шаҳри шимоли Афғонистон дар воқеъ тавассути тавтиа ба дасти Толибон афтода бошад, пас худи “устод” Ато низ чун “императори Балх” дар ин тавтиа нақш ва саҳм дошт.

Дар ҳар сурат, онки Афғонистон имрӯз ба дасти Толибон афтода, аз “баракат”и чунин “устод”ҳо ва генералҳои маршалҳои хасакист, ки бе муқовимат ва бе ҷанг, вале бо мошинҳои пур аз пулу мол майдонҳои ҷангро холӣ карданд ва то Тошканд ва аз онҷо то Дубаю Туркия гурехтанд.

Ҳайфашон бод!

Тоҷикҳои Афғонистон дигар ба роҳбарони комилан наве, ба мисли Аҳмади Масъуд ниёз доранд, ки дасту дилашон пок ва собиқаашон мисли ин қумандонҳои солманди фасодзада олуда набошад. Мусоҳибаи “устод” Ато бо ББС низ собит кард, ки даври инҳо кайҳо гузашта будааст…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button