КоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

МУОВИНИ ПРОКУРОРИ ВАҲДАТРО ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА ДАСТГИР КАРДААНД

Муовини прокурори шаҳри Ваҳдат рӯзи 24 август аз ҷониби кормандони дастгоҳи ҷумҳуриявии Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастгир шудааст.

Манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки муовини додситонро ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ дастгир кардаанд.

Мақомот аз ифшои ҷузъиёти дигари ин парванда ва исми прокурори дастгиршуда дар ҳоли ҳозир ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот худдорӣ мекунанд. Далели дигари худдорӣ аз ифшои номи прокурори дастгиршуда, ба гуфтаи манбаи “Бомдод”, ин аст, ки баъди расонаӣ шудан ҳомиёни он мансабдор хабар ёфта, тамоми талош ва воситаҳои дар ихтиёрашон доштаро ба харҷ медиҳанд, то мансабдори бадастафтодаро халос кунанд.

Манбаи “Бомдод” гуфт, дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба муовини прокурор бар асоси ду  моддаи  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 319, қисми 2 (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) ва 247, қисми 2 (қаллобӣ) парванда ҷиноятӣ кушодаанд. Муовини прокурор ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтиши парвандааш идома дорад.

Тоҷикистон дар байни 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ном бурда мешавад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура, аз ниҳодҳои давлатии олуда ба фасод дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 август ду судяро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод кард. Бо чунин далели ҷиддӣ Абдураҳмонзода Умеда аз вазифаи судяи суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва Нозимзода Шодиҷон Латиф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон барканор карда шуданд.

Тафсилоти дигар дар бораи ин ду судя дода нашудааст, вале маъмулан додрасҳоро дар Тоҷикистон дар сурати ҳангоми гирифтани пора ё дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ ба даст афтоданашон бо чунин далели бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз кор меронанд.

Ёдовар мешавем, ду рӯз пеш як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дода буд, ки кормандони дастгоҳи ҷумҳуриявии Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 20 август як афсари баландпояи милиса ва як додраси додгоҳи ноҳияи Шаҳритӯсро ҳангоми гирифтани пора ба маблағи бузург дастгир карданд.

Ба гуфтаи манбаи “Бомдод”, сардори бахши тафтишоти шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритӯс ва судя ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани пора ба маблағи 47 ҳазор сомонӣ (тақрибан 4 ҳазор доллар) дастгир шуданд ва ин маблағ аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.

“Сардори бахши тафтишот аз як нафаре, ки тафтиши парвандаашро ӯ худаш анҷом дода, парвандаро ба додгоҳ супурда буд. Вақте ки баррасии парванда дар додгоҳ идома дошт, ӯ ба “А” пешниҳод мекунад, ки агар 47 ҳазор сомонӣ биорад, ӯ, яъне муфаттиш бурда, ба судя медиҳад ва судя нафари айбдоршавандаро ба сари суд набароварда, озод мекунад. Афсари милиса ва судяро дар дохили мошин вақте дастгир карданд, ки онҳо пулҳои аз “А” гирифтаашонро мешумурданд”, – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Ба зидди судя ва афсари милиса бар асоси қисми чоруми моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи бузург парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.  Ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 7 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Манбаи “Бомдод” гуфт, имкон дорад, ки ба айбномаи онҳо кӯшиши пинҳон кардани ҷиноятро низ ҳамроҳ кунанд.

Судяи дар Шаҳритӯс дастгиршуда ҳамин Нозимзода Шодиҷон Латиф  буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button