Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ “ТИКО” ВА ДУЧАРХАРОНИ СОЛХӮРДА ДАР ДУ САДАМА ДАР СПИТАМЕН ВА КОНИБОДОМ

Рӯзи 24 август, соати 17:40 бар асари тачча шудани мошини “Тико” дар ноҳияи Спитамен ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, як дучархарони 61-сола рхзи 25 август, соати 14 дар Конибодом  зери чархи мошини “Мерседес” ҷон бохтааст.

хххххххххххх

Сокини 42-солаи ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт ба он гумонбар мешавад, ки шаби 24 август, соати 21 дар ҳудуди хоҷагии ҷангали ҷамоати Пунук дар ҳолати мастӣ бо сокини 40-солаи шаҳраки Адрасмон ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи чапи шиками ӯ задааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 26 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани 2 садамаи нақлиётии ҳалокатбор

Рӯзи 24-уми августи соли 2021, тахминан соати 17:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Тико», Мамадалиев Шуҳратбек Баҳодурович, соли таваллудаш 2002, сокини ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаҳои Янгиобод ва Андарсойи ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба тарафи рости роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа худи ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Тико» Мамадалиев Ш.Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, рӯзи 25-уми августи соли 2021, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Ҷабборов Фирдавс Расулҷонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Айнии шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Розиқов Собидҷон, соли таваллудаш 1960, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Розиқов С. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 42-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 24-уми августи соли 2021, тахминан соати 21:00, дар ҳудуди хоҷагии ҷангали ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи мазкур дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо марди 40-солаи сокини шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи чапи шиками охирон задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷинояти бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил бидуни мақсади тасарруф

Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 20-уми августи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи «ВАЗ-21015», ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 46-солаи сокини ҷамоати мазкур содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button