Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАРГУЗАШТИ МУШАРРАФИ ЁСИН АЗ КОРОНАВИРУС ДАР СИННИ ҲАМАГӢ 42

Мушаррафи Ёсин, фарзанди журналисти шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Ёсини Назар, рӯзи 26 август дар шаҳри Душанбе дар синни 42 аз олам чашм пӯшид.  Олими ховаршиноси тоҷик Ғаффор Мирзоев дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки қалби Мушаррафи Ёсин ба иллати “ин бемории гулчин” аз тапидан боз монд.

Марги фарзанди к,обил дар айни камолоту хуруши ч,авонияш дили хама наздикону пайвандон ва х,амбастагонро реш – реш кард. Х,амдардиву тасаллияти худро ба падари мех,рубонаш акаи Есини Назар ва модари ч,игаркабобаш апаи Сабохат, ки хак,к,и акаиву апаиямро доранд ва ба хамсару фарзандонаш ва хамаи хонаводаи барумандаш иброз медорам. Едат ба хайр ва хонаи охиратат обод бошад, Мушаррафи азизу ч,авонмарг”, навиштааст Ғаффор Мирзоев.

Ориё Назар, фарзанди дигари Ҳоҷӣ Ёсини Назар низ дар суҳбат бо сомонаи “Бомдод” тасдиқ кард, ки бародараш Мушарраф дар Душанбе ба иллати бемории коронавирус аз олам чашм пӯшид.

Хабари даргузашти Мушаррафи Ёсин, фарзанди Ҳоҷӣ Ёсини Назар дар ҳолест, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 16 август ба ин тараф, инак 10 рӯз боз ягон ҳолати марги шаҳрвандон аз коронавирусро расман тасдиқ накардааст. Ин вазорат аз аввали моҳи август танҳо се ҳолати марг аз коронавирусро расман тасдиқ кардааст. Ин дар ҳолест ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фавти ҳудуди 20 нафар аз “бемории гулчин” хабарҳо нашр шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button