МуҳоҷиронҲуқуқи инсон

БОЗДОШТИ ДУ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗИ ПОЛША

Хадамоти марзбонии Полша (Лаҳистон), як кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод, ки рӯзи 24 август ду шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Беларус бо Полша дастгир кардаанд. Хадамоти марзбонии Полша гуфт, ки зодагони Тоҷикистон марзро дар як ҷои мамнӯъ аз болои девор гузашта, убур кардаанд. Онҳо бо худ раводиди сафар ба Полшаро надоштаанд.

Мақомоти Полша ва Литва вақтҳои охир мақомоти Беларусро айбдор мекунанд, ки ба нишони интиқом аз пуштибонии ин ду кишвар аз мухолифони президент Аляксандр Лукашенка сели паноҳҷӯёнро ба Полшаву Литва равон карда истодаанд. Полша ҳатто таҳдид кард, ки  барои пешгирӣ ах мавҷи фазояндаи паноҳҷӯёне, ки аз самти Беларус ба ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо сарозер шуда истодаанд, дар тӯли марзаш бо Беларус девори бузург хоҳад сохт.

Полша ва Литва ду масири асосии ҳаракати паноҳҷӯён аз Тоҷикистон ба самти Иттиҳоди Аврупо ба шумор мераванд. Азбаски дар худи ин ду кишвар барои паноҳҷӯён имтиёзҳои  зиёде пешбинӣ нашудааст, бисёриҳо мехоҳанд аз Полша ва Литва ҳамчун кишвари транзитӣ истифода бурда, сипас аз инҷо ба кишварҳои ғарбё шимоли Иттиҳоди Аврупо, бахусус ба Олмон, Австрия, Фаронса, Бритониё, кишварҳои Бенилюкс ва Скандинавия, ки барои паноҳҷӯён имтиёзҳои фаровоне аз ҷониби давлатҳо муқаррар шудааст, бираванд.

Хадамоти марзбонии Полша қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 1 август дар минтақави Августов дар марзи Беларус бо Полша 17 хориҷӣ, аз ҷумла 12 шаҳрванди Афғонистон ва 5 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки марзро ғайриқонунӣ убур карда буданд, дастгир карданд. Бо қарори додгоҳ ҳамаи онҳо: 4 зан ва 13 мард, аз ҷумла 2 ноболиғро дар Маркази муҳоҷирони хориҷӣ ҷо карданд.

Рӯзи 3 май дар ҳамон минтақаи Августов дар як мошини сабукрав бо рақамҳои Олмон 5 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карданд. Дуи онҳо ҳаққи иқомат дар Олмон доштанд, вале як марди 44сола ва ду фарзанди ӯ ягон ҳуҷҷат надоштанд. Онҳоро ба 8 моҳи зиндони шартӣ маҳкум карда, ду нафари аввалро ба Олмон пас фиристодаанд ва падарро бо ду фарзандаш, тибқи қонуни реадмиссия, ба Литва.

Ҳамин тавр, дар аввали моҳи апрел дар Августов 6 зодаи Чеченистони Русия ва 4 шаҳрванди Тоҷикистонро вақте дастгир карданд, ки онҳо марзи Беларус бо Полшаро пиёда мегузаштанд. Ҳамроҳи онҳо се нафар ташкилкунандаи қочоқи муҳоҷирон (ду шаҳрванди Гурҷистон ва кумакрасони маҳаллии онҳо) дастгир шуданд.  Додгоҳ ташкилкунандаҳоро барои 3 моҳ ба ҳабс гирифта, кумакрасони онҳоро бо розигиии худаш ба 6 моҳи зиндони шартӣ маҳкум кард.  Марзшиканҳо: 4 мард, 2 зан ва 4 кӯдакро бо қарори додгоҳ дар Маркази муҳоҷирони хориҷӣ ҷо карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button