Ҳодиса

БЕЛИ ТИЛЛОӢ, НОВИ ТИЛЛОӢ ВА АРОБАИ ТИЛЛОӢ БАРОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН (ВИДЕО)

Президенти худхоҳи Туркманистон  Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки бо рафтори аҷибу ғарибаш ном баровардааст, дар маросими гузоштани санги асоси толор барои 3 ҳазор ҷои нишаст дар маҷтамаи “Юрти сафеди туркманӣ” дар шаҳри Дагоғуз иштирок кард.

Аз видеое, ки шабакаи давлатии телевиҳионии “Алтын Асыр” (“Асри тиллоӣ”) нашр кард, дида мешавад, ки Бердимуҳаммадов дар пойдевори бино ҳамчун санги асос капсулаи тиллоиро гӯр кард. Бетоне, ки роҳбари Туркманистон барои пӯшондани капсула рехт, бо як аробаи тиллоӣ оварда шуда, Бердимуҳаммадов онро бо бели тиллоӣ мегирифт ва тавассути нови тиллоӣ мерехт. Ягона чизе, ки дар байн аз тилло набуд, бетон буд.

Бердимуҳаммадов ба кормандони “Юрти сафед” автобус низ туҳфа кард. Дар Дашоғуз ба шарафи президент консерт барпо карданд, ки саропо ба таърифу тавсифи Аркадаг бахшида шуда буд. Аркадаг, ки ҳамчун ҳомӣ ё пуштибон тарҷума мешавад, унвони расмии раисиҷумҳури кунунии Туркманистон аст, ки соли 2007, дар пайи даргузашти Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбошӣ, як роҳбари дигари худхоҳи Туркманистон, ба қудрат расид.

Бино ба хабарҳо, Бердимуҳаммадов дар охир садақа тақсим карда, сипас ба пойтахт, шаҳри Ишқобод баргаштааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button