ИқтисодИлму фанноварӣ

ОЛИМИ “ЗАРАФШОНШИНОС” ҲУСЕЙН АБРОРОВ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Раёсати Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки рӯзи 23 август  қалби олими борикбину нуктасанҷ, омӯзгори донишманду соҳибмактаб ва муҳаққиқи пуркору сермаҳсул, узви Ҷамъияти географҳои ИҶШС, ходими калони илмии Озмоишгоҳи иқлимшиносӣ ва яхшиносӣ, номзади илмҳои география Ҳусейн Аброров аз тапидан боз монд.

Иллати марги олими шинохта гуфта нашудааст.

Исми муборак ва корҳои илмию тадқиқотии ин инсони ҳалиму меҳрубон, марди шарифу камгуфтор ва пажӯҳишгари дақиқназару пуркор дар байни «зарафшоншиносон» ҷойгоҳ ва мақоми махсус доранд. Зеро агар ба корҳои илмӣ-тадқиқотии ба омӯзиш ва пӯжҳиши Зарафшон бахшидашуда ва таълифоти дар ин самт эҷодкардаи ин Устоди донишманд назар намоем, дар ин миён асарҳо ва маводҳои нашрнамудаи Ҳусейн Аброров на танҳо миқдоран зиёданд, балки доираи фарогирии мавзӯъҳояшон хеле фарох аст. Агар ба фосилаи байни асарҳои нахустин (1978) ва ҷадидан (2020) ба нашр расонидани Устод диққат диҳем, ин фосила беш аз 40 солро дар бар мегирад. Аз ин ҷо равшан аст, ки ин Устоди фарзона аз нисф зиёд умри хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши табиату сарватҳои табиии Зарафшон ва инчунин, пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, захираҳои рекреатсионӣ, экология, топонимика, саноати маъдани кӯҳии музофотҳои географии Тоҷикистон намудаанд.

Теъдоди таълифоти Устоди равоншод Ҳусейн Аброров 300 номгӯй мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ, аз ҷумла 28 рисолаву монографияҳоро ташкил медиҳанд, муҳимтаринашон: Зарафшони кӯҳӣ (1978, 94 с.); Искандаркӯл – табиат, захираҳои табиӣ ва ҳифз (1992, 35 с.); Осори ҷуғрофии ниёгон дар таълим (2001, 42 саҳ.); Об ҳаёт аст (2003, 190 саҳ.); 5) Фон-Яғноб – захираҳои табиӣ (2003, 100 саҳ.); Тоҷикистон – кишвари кӯлҳои беназир (2003, 195 саҳ.); Музофоти табиию географии Зарафшон (2004, 168 саҳ.); Табиат ва захираҳои кӯҳсори Фон (2004, 170 саҳ.); Иқтидори иқтисодии захираҳои обии водии Зарафшон (2005, 189 саҳ.); Формирования водных ресурсов Горного Зерафшана и их экономический потенциал (2013, 132 саҳ.); Экология дар таълими география (2011, 48 саҳ.); Тоҷикистон – кишвари муъҷизаҳои табиӣ (2011, 197 саҳ.); Минтақаи географии Кӯлоб (2015, 132 саҳ.); Пиряхҳои Тоҷикистон (2017, 147 саҳ.); Вопросы эффективного использования водно-земельных ресурсов Горного Зерафшана (2018, 147 саҳ.); Об, илм ва рушди устувор (2018, 432 саҳ.) ва Географияи сарватҳои шифобахши табиати Тоҷикистон (2019, 248 саҳ.) мебошанд.

Лозим ба ёдоварист, ки Устоди зиндаёд Ҳусейн Аброров ба синну соли хеш нигоҳ накарда, назди худ ҳадаф гузоша буданд, ки доир ба табиат ва сарватҳои табиии ҳар як ноҳияи табиию географии меҳани маҳбубамон рисолаҳои илмию тадқиқотии алоҳида таълиф намоянд. Ҳайҳоту дареғо, ки умр бақо накард, то ин олими фарзона ва пажӯҳишгари бемисл ин нақшаи худро амалӣ созанд ва ба орзуи ниҳоияшон бирасанд. То ин муддат бахшида ба ноҳияҳои табиии Зарафшон (Музофоти табиию географии Зарафшон) ва Кӯлоб (Минтақаи географии Кӯлоб) китобҳои илмие таълим кардаанд ва барои навиштани рисолаи дигаре доир ба ноҳияи табиии Рашт пайи ҷамъоварии маълумотҳо буданд…

Манбаъ: https://www.facebook.com/groups/centralasiannews/posts/2054534078028439

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Иллати марги устоди равоншод Ҳусейн Аброров, ки аз соли 2012 ин ҷониб мешиносаму ҳамкорӣ доштем, пирӣ буд. Моҳе қабл бо устод, дар деҳаашон Шаватки Болои ноҳияи Айнӣ вохӯрӣ доштам, ки оид ба музофоти табиию географии Бадахшон рисолае менавиштанд…

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button