Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАМЛАИ ОШКОРИ РОҲЗАНОН БА ХОНАИ ЯК ЗАН ВА ТАҒОРО КОРД ЗАДАНИ ҶИЯН ДАР ДУШАНБЕ

Ду сокини 36 ва 48-солаи  ноҳияи Темурмалик ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 15 июл, бо роҳи ошкоро ба хонаи истиқоматии зани 52-солаи сокини пойтахт даромада, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва маблағҳои пулиро ба яғмо бурдаанд. Ба ин ду сокини Темурмалик бар асоси моддаи 248 барои ғоратгарӣ аз 5 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
ххххххххххх

Ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе рӯзи 23 август, соати 18:30 дар хонаи истиқоматиаш бо тағояш, марди 44-солаи сокини пойтахт муноқиша намуда, ба қафаси синааш як корд задааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 24 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи муноқиша

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 23-юми августи соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо тағояш, марди 44-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба кафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, нисбати ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки ӯ рӯзи 17-уми августи соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар назди мағозаи «Набиҷон», воқеъ дар маҳаллаи 12-уми шаҳри мазкур бо марди 42-солаи сокини ҳамин шаҳр вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ӯро лату кӯб кардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Темурмалик бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 15-уми июли соли 2021, бо ҳамроҳи пешдастгиршуда, марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи ошкоро ба хонаи истиқоматии зани 52-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва маблағҳои пулиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ду нафари қаблан судшуда бо ҷурми дуздӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27 ва ҷавони 23-солаи сокини шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд, ки якеашон пеш бо моддаи 244 қисми 2 ва дигарашон пеш бо моддаи 244 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 31-уми июли соли 2021, тахминан соати 12:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 45-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз он ҷо 1-адад оинаи нилгуни тамғаи «ЛҶ»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 100-сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷӣноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани пиёдагард зери чархи “Мерседес-Бенс”

Рӯзи 22-юми августи соли 2021, тахминан соати 22:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Нарзуллоев Муҳаммадзоир Саидович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Нури Вахш ба самти ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур, воқеъ дар деҳаи Тоҷикобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Бекназаров Бекмурод Иргашович, соли таваллудаш 1985, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолиятро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Бекназаров Б.И. ҷароҳатхои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button