Дин ва боварҳо

ДУОИ ҚУНУТ

Ё ОВЕЗАЕ ДАР НАҚЛИЁТИ ҶАМЪИЯТӢ, КИ МАРО БА ЁДИ КӮДАКИҲОЯМ БУРД

Имрӯз ин овезаро дар маршрутка дида, ба ёди он рӯзҳои кӯдакӣ афтодам. Ба ёди таълим дар хонаи мулло. Ба ёди бибиҷонам, ба ёди он китобҳои беқасбмуқова, ки солҳои охир ба даст нагирифтаам…

Солҳои охир таълимоти хонагии динӣ манъ шуд. Ман ҳукуматро ҳам мефаҳмам, зеро баъзе “мулло”-ҳо ахиран гузарониданд. Вале се муллое, ки ман таълим гирифтам, ҳеҷ ғаразе, ҳеҷ манфиате надоштанд. Ғайр аз ду нону як каф печаки бибиам ба онҳо чизе надодаем. (Ҳозир барои омӯзиши хату забони арабӣ марказҳои забономӯзӣ аз 100 доллар боло мегиранд)… Касе аз мо экстремисту террорист ҳам нашуд, салафию алафӣ ҳам…

Ёд бод, он рӯзгорони кӯдакӣ!

Одил Нозир

ДУОИ ҚУНУТ

Ё ОВЕЗАЕ ДАР НАҚЛИЁТИ ҶАМЪИЯТӢ, КИ МАРО БА ЁДИ КӮДАКИҲОЯМ БУРД

Ин субҳ дар канори роҳ зиёд истодаму таксӣ наомад. Баъди гарон шудани нархи сӯзишворӣ бисёре аз ронандагони таксӣ кор набаромаданд. Аксарияти бечораҳо, бо мошини иҷора кор мекунанад. “Хароҷотро намепӯшонад, дирӯз аз субҳ то соати 2-и шаб кор кардам, ҳисоб кунам 8 сомониву 70 дирам ба худам монд”-гуфт, дирӯз бегоҳ як ронандаи таксӣ. Ин мавзуъи дигар…

Хулоса як маршруткаи 15-и камодам омаду ба он савор шудам. Баробари нишастан чашмам ба овезаи пештоқи “Mercedes-Benz Sprinter” афтод, ки дар овезаи “Дуои Қунут” бо хати сирилик навишта шуда буд. Ин овезаро дидаму ба ёди кӯдакиҳоям уфтодам…

Ман дар даврони кӯдакӣ таълимоти динӣ гирифтаам. Аз ёдам намеравад, ки ҳангоми таҳсил дар синфи 4 ҳавас карда, хостам, ки чун дигар бачаҳои ҳамсолам назди мулло биравам. Бибии худораҳматиам чун ин хоҳишамро шунид, аз дастам гирифта, сари бозор бурд ва аз китобфурӯше бар ивази 2 сомонӣ китоби “Қоидаи бағдодӣ” ва ба 2 сомонии дигар “Таҷвид”-ро харид. Хона оварда, бо кардон ба он муқоваи сахт сохта ба болояш матои беқасаб дӯхт. (Ин ду китоб бо муқоваи беқасаб ҳанӯз бо ман аст чун ёдгор аз даврони кӯдакӣ ва чун нишон аз бибиам). Як бегоҳ аз дастам гирифту маро ба хонаи мулло бурд. Дастархонаш нону қанди печак (парварда) дошт, дигар ҳеҷ. Мулло маро ба меҳрубонӣ қабул кард ва ба синфаш даровард. Синфхона хонае буд, ки атрофаш кӯрпача партофта ва дар миён болиштҳо гузошта шуда буданд. Рӯйи курпача 15-16 нафар менишастем ва китобҳоямонро рӯйи болиштҳо гузошта мехондем. Мулло дар байн, рӯйи палос нишаста як-як супориши гузаштаро мепурсид ва мавзуъи нав медод. Алиф забар а, алиф зер и, алиф пеш у, ҳамин тавр таълими динии ман оғоз шуд. Бовар кунед, он замон салафию таълимоти экстримистиву ин гапҳо набуд. Як таълимоти оддӣ барои омӯзиши дини ислом буд… Ва фикр мекунам, бад набуд…

Ман зуд хату забони арабиро аз худ мекардам. Муваффақиятҳоям бад набуданд. Дар 2-3 моҳ аз “Қоидаи Бағдодӣ” хондану навиштанро омӯхтам ва ба азёд кардани сураҳо оғоз кардам. Дар 5-6 моҳи баъдӣ аз “Сураи Фотеҳа” то “Сураи Набаъ” ё “Ъамма” азёд карда, таҷвидро ҳам фароварда, “Ҳафтяк” ва “Заруриёти диния” гирифтам. Намозхон шудам. Вале азёд кардани ҳамин “Дуои Қунут” ба ман ҳеҷ даст намедод. Ин дуоро аслан як маротиба дар ракъати сеюми намози “Витр” ё “Витри воҷиб” паш аз рукуд мехонанд. Рости гап ман дар хона дар пеши рахти кӯрпаҳо намоз мехондам ва “Дуои Қунут”-ро дар қоғазе калон-калон навишта дар рӯ ба рӯям монда онро аз рӯйи ҳамон мехондам. То ҳол ин дуоро азёд намедонам. Нашуд, ки нашуд. Вақтҳои намозхонӣ масҷидрав будам. Дар хуфтан намерафтам, зеро дар он ҷо бо қоғази қунут рафта намешавад))))

Имрӯз ин овезаро дар маршрутка дида, ба ёди он рӯзҳои кӯдакӣ афтодам. Ба ёди таълим дар хонаи мулло. Ба ёди бибиҷонам, ба ёди он китобҳои беқасбмуқова, ки солҳои охир ба даст нагирифтаам…

Солҳои охир таълимоти хонагии динӣ манъ шуд. Ман ҳукуматро ҳам мефаҳмам, зеро баъзе “мулло”-ҳо ахиран гузарониданд. Вале се муллое, ки ман таълим гирифтам, ҳеҷ ғаразе, ҳеҷ манфиате надоштанд. Ғайр аз ду нону як каф печаки бибиам ба онҳо чизе надодаем. (Ҳозир барои омӯзиши хату забони арабӣ марказҳои забономӯзӣ аз 100 доллар боло мегиранд)… Касе аз мо экстремисту террорист ҳам нашуд, салафию алафӣ ҳам…

Ёд бод, он рӯзгорони кӯдакӣ!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button