ВАЗОРАТ: МАВҶИ АХИРИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН БАТАДРИҶ КОҲИШ МЕЁБАД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 22 август хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳолати нави сирояти шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 65 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва хушбахтона, ягон кас нафавтидааст.
45 ҳолати сироят дар як шабонарӯз нишондиҳандаи аз ҳама пойин дар моҳи август мебошад.
Бино ба омори вазорати тандурустӣ, то шоми 22 август дар Тоҷикистон дар шароити хона ё бемористон дар умум 105 нафар аз коронавирус табобат мегиранд, ки ин ҳам пойинтарин нишондиҳанда дар моҳҳои июл ва август мебошад. Дар моҳи июл, ки нуқтаи авҷи мавҷи ахири коронавирус дар Тоҷикистон буд, дар як вақт беш аз 400 нафари гирифтори коронавирус таҳти табобат қарор доштанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали пандемия то шоми 22 август дар кишвар 16 468 ҳолати гирифторӣ ба коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 239 нафар (98,6%) шифо ёфтаанд ва 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.
Бисёриҳо ба омори расмии вазорати тандурустӣ бо шубҳа нигоҳ мекунанд, вале кам шудани шумораи беморони коронавирус дар Тоҷикистон дар нимаи дуюми моҳи августро манобеи дигар, аз ҷумла сокинон ва табибон низ тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, нисбат ба моҳи июл миқёси паҳншавии пандемия зоҳиран хеле коҳиш ёфтааст.