Нуқтаи назар

ГУРУҲИ “АХБОР БАРОИ АФКОР” ДАР ФЕЙСБУК БАСТА ШУД. БО САБАБҲОИ НОРӮШАН

Журналисти шинохтаи тоҷик Раҷаб Мирзо, муассиси гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор/Информация к размышлению”  хабар дод,ки маъмурияти Фейсбук ин гурӯҳро бастааст.  “Ахбор барои афкор/Информация к размышлению” бо наздики 75 ҳазор пайрав яке аз пурхонандтарин гуруҳҳо дар сегменти тоҷикии Фейсбук ба шумор мерафт.

“Сабабҳое, ки пеш меорад, бисёр хандаоваранд: фурӯши ҳайвонот ва ҳатто аслиҳа. Он чи ки мо ба ин корҳо умуман роҳ надодаем ва маълум аст, ки роҳ намедиҳем. На фурӯши ҳайвонот ва маълум аст, ки на фурӯши силоҳ, ки як масъалаи ҳуқуқист. Зимнан, ҳоло барои тафтиши дубора ба Фейсбук дархост фиристодаем. Интизор дорем иштибоҳи худро ислоҳ мекунанд”,  – навиштааст Раҷаби Мирзо дар саҳифаи худаш дар Фейсбук дар шарҳи ин мушкили пешомада.

Дар ин авохир “Ахбор барои афкор/Информация к размышлению” алакай дастикам сеюмин гуруҳи пурхонанда дар сегменти тоҷикии Фейсбук аст, ки  маъмурияти ин шабакаи иҷтимоӣ мебандад. Моҳи ноябри соли 2020 Фейсбук гуруҳи “Ман Хуҷандро дӯст медорам! Я люблю Худжанд!” –ро, ки низ беш аз 70 ҳазор пайрав дошт, баст. Маъмурони гуруҳ гуфта буданд, ки Фейсбук онҳоро ба нашри матлабҳои тарғиботӣ айбдор кардааст.  Маъмурони “Ман Хуҷандро дӯст медорам! Я люблю Худжанд!” он вақт гуфта буданд, ки барои бозбинии тасмими маъмурияти Фейсбук талош доранд ва ба зудӣ фаъолияти гуруҳро аз сар хоҳанд гирифт, вале бо гузашти қариб 10 моҳ ин гуруҳи пурхонанда дигар дар майдони Фейсбук зоҳир нашуд.

Моҳи июли соли ҷорӣ Фейсбук ҳамин тавр, “Мы-Таджикистанцы!/ Мо – Тоҷикистониён!”, гуруҳеро, ки бо наздики 190 ҳазор пайрав дуюмин гуруҳи пурхонандатарин дар сегменти тоҷикии Фейсбук ба шумор мерафт, баст. Маъмурони ин гуруҳ билофосила гуруҳи наверо бо айни номи “Мы-Таджикистанцы!/ Мо – Тоҷикистониён!” таъсис доданд, ки дар як моҳ алакай беш аз 11 ҳазор пайрав ҷамъ овардааст.

Дар сегменти тоҷикии Фейсбук гуруҳи аз ҳама пуртарафдор гуруҳе бо номи “Ахбори Тоҷикистон” буд, ки Парвиз Тағоев барои таблиғи раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода буд. Аммо чанд вақти ахир ин гуруҳ низ дар Фейсбук нопайдо шудааст.

Гуруҳи дигари пуртарафдор дар сегменти тоҷикии Фейсбук ҳоло гуруҳи “Новости Центральной Азии/Ахбори Осиёи Марказӣ/Central Asian News” аст, ки 131 ҳазор пайрав дорад. Гуруҳи “Бомдод – Минбари озод” низ бо 45 ҳазор пайрав аз гуруҳҳои пурхонандаи тоҷикӣ  дар шабакаи Фейсбук ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button