Видео

ТОЛИБОН ТАВАССУТИ САФИРИ РУСИЯ БА ПАНҶШЕРИҲО ПАЁМ ФИРСТОДАНД: МО ХУНРЕЗӢ НАМЕХОҲЕМ (ВИДЕО)

Сафири Русия дар Афғонистон Дмитрий Жирнов  шоми 21 август дар барномаи “Соловьёв LIVE” хабар дод, ки рӯзи шанбе як намояндаи дафтари сиёсии ҳаракати Толибон аз сафорати Русия дар Кобул боздид карда, аз Русия хостааст, ки ба панҷшериҳо паёми Толибонро бирасонад.

Жирнов гуфт:  “Матни паёми онҳо айнан чунин аст: “То ҳоло толибҳо ягон кӯшиши бо зӯрӣ даромадан ба Панҷшерро накардаанд. Толибон умедвор аст, ки роҳи сулҳомези ҳалли вазъиятро пайдо кунад, аз ҷумла тавассути тавофуқи сиёсӣ. Толибон хунрезиро намехоҳад ва моил ба муколама аст.” Ин аст ончӣ, ки аз мо хостанд, то ба панҷшериҳо бирасонем.”

Сафири Русия, ки таваҷҷуҳаш ба Толибонро пинҳон намекунад ва чандин бор изҳорот додааст, ки гӯё баъди омадани Толибон авзоъ дар Кобул оромтар ва амнтар шудааст, дар барномаи  “Соловьёв LIVE”  гуфт, “ноиби раисиҷумҳури фирории Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ ва писари Аҳмадшоҳ Масъуд ба Панҷшер фирор карда, мехоҳанд ҷабҳаи муқовимати зидди Толибонро ташкил кунанд, вале то ҳол ба ин чандон муваффақ нашудаанд.”

Бино ба хабари дигар, намояндагони Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, иддаои Толибон дар бораи гӯё ба онҳо таслим шудани ин роҳбари муқовимат дар дараи Панҷшерро рад карданд. Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, як намояндаи Толибон рӯзи 21 август иддао карда буд, ки гӯё писари Аҳмадшоҳ Масъуд ба Толибон таслим шудааст ва ӯро баъди ин афв кардаанд.

Намояндагони Аҳмад Масъуд гуфтаанд, музокираҳо бо Толибон дар мавзӯи ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон идома дорад, вале хабари таслим шудан ба Толибон дурӯғи маҳз аст.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=1227978280983393&id=100013136977258

Доктор Абдуллоҳ, яке аз роҳбарони тоҷикони Афғонистон, ки баъди тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон дар пойтахт монд, ва ҳамроҳи раисиҷумҳури собиқ Ҳомид Карзай ва сарвазири пешин Гулбуддин Ҳикматёр барои музокирот бо Толибон як Шӯро ташкил додаанд, рӯзи ҷумъа дар Кобул бо намояндагони уламо, ришсафедон ва фармондеҳони зодаи Панҷшер мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот, ки бино ба бархе хабарҳо, дар қароргоҳи доктор Абдуллоҳ, бино ба хабарҳои дигар, дар хонаи марҳум маршал Фаҳим, собиқ вазири мудофиаи Афғонистон ва низ аз зодагони Панҷшер баргузор шудааст, ҳамчунин Ҳомид Карзай ва Анас Ҳаққонӣ, як намояндаи Толибон иштирок доштаанд.  Дар бораи натиҷаҳои музокирот бо панҷшериҳои бонуфузи муқими Кобул иттилое нашр нашудааст.

Рӯзи 22 август доктор Абдуллоҳ ва Ҳамид Кархай дар Кобул бо намояндагони дафтари сиёсии Толибон, ки аз Қатар ба Афғонистон омаданд, мулоқот доштаанд.

Ҷангиёни Толибон дар байни 10 рӯз аксари вилоятҳои Афғонистон, аз ҷумла ҳама шаҳрҳои бузурги кишварро тасарруф карда, рӯзи 15 август вориди Кобул шуд. Ашраф Ғанӣ, ки  аз соли 2014 роҳбари Афғонистон буд, ҳамон рӯз аз кишвар фирор кард.

Панҷшер дар ҳоли ҳозир ягона вилоят аз 34 вилояти Афғонистон аст, ки хориҷ аз назорати ҳаракати Толибон қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button