Ҳуқуқи инсон

ЛАТТУКӮБИ ЯК СОКИНИ ПАНҶ АЗ СӮИ КОРМАНДИ МИЛИСА

Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки Ботурхон Нодиров, сокини 55-солаи ноҳияи Панҷро шоми 6 август Беҳрӯз Носиров ном корманди милисаи ин ноҳия чунон сахт латтукӯб кардааст, ки ӯ инак ним моҳ боз дар бемористон таҳти табобат қарор дорад. Ба гуфтаи ин манбаъ,  дар ҳоле ки сухан дар бораи бадрафтории корманди милиса нисбат ба як шаҳрванд меравад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Панҷ то ҳол ба таҳқиқи ин қазия даст назадаанд ва кӯшиш доранд, ки бо роҳи таҳдид ба Нодиров ва наздикони ӯ ин моҷароро пинҳон кунанд.

Ботурхон Нодиров дар идораи роҳсозии ноҳияи Панҷ ба ҳайси ронанда кор мекунад. Моҷарои ӯ шоми 6 август, вақте сар шуд, ки ӯ қариб ду дучархаронро наврасро зер мекард. Ботурхон Нодиров тавонист сари вақт тормозро зер кунад ва аз фалокат пешгирӣ кунад.

Ронанда сипас аз мошин фаромада, он  ду кӯдакро барои беэҳтиётиашон, ки қариб буд бо фоҷиа тамом шавад, сарзаниш карда, як шаттаӣ ба ҷои мулоимашон задааст.

Аз қазо дар ҳамин лаҳза аз роҳ мошини корманди милиса Беҳрӯз  Носиров мегузашт. Ӯ аз мошин пойин шуда, Ботурхон Нодировро дастгир мекунад, вале б милиса набурда, ба як ҷои камодам бурда, латтукӯб кардааст. Вақте ронанда аз ҳуш рафт, корманди милиса тарсида, ӯро ба беморхонаи ноҳия оварда, партофтааст.

Манбаи “Бомдод” гуфт, падари Беҳрӯз Носиров, ки қаблан раҳбарии бахши ҳизби ҳокими халқии демократиро дар ноҳияи Панҷ раҳбарӣ мекард, ва ҳамин тавр, муовини сардори милисаи ноҳияи Панҷ Табаров ва прокурор омада, ба Нодиров ”фаҳмондаанд”, ки беҳуда даъво накунад. Намояндагони мақомот ҳатто гуфтаанд, ки Нодиров дурӯғ мегӯяд, ӯро касе назадааст ва дар баданаш ҳам ягон ҷароҳат нест.

Худи муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ Беҳрӯз Носиров, ки ҷабрдида Нодиров Бодурхон ӯро дар латукӯбаш гунаҳгор медонад, дар тамоси телефонӣ ба нашрияи “Фараж” гуфтааст, “ин нодуруст аст”.

“Дар ҳақиқат нисбат ба мо ҳамин хел шикоят карданд, вале ин ҳолат санҷида баромада шуд, дар бадани ин одам ягон ҷароҳат ошкор нагардид. Аз ин сабаб прокуратура қарор қабул кард, — гуфтааст Беҳрӯз Носиров.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи табибон ва ҳамшираҳо, Ботурхон Нодиров чанд рӯзи аввал дар шуъбаи реаниматсия дар ҳолати вазнин қарор дошт ва танҳо баъди нисбатан беҳтар шудани вазъи саломатиаш ӯро ба палатаи умумӣ гузарондаанд.

Ҳамсари ӯ Мингдона Мингилярова  ба нашрияи “Фараж” гуфт, шавҳарашро асосан дарди сар ва сарчархзанию дилбеҳузурӣ азият медиҳад.  Ӯ мегӯяд, барои табобати шавҳараш пули зиёд харҷ шуд, вале модари Беҳрӯз танҳо як дафъа як қисми пули доруҳоро доду  дигар пайдо нашуд.

“Барои табобаташ хароҷоти зиёд кардем. Аз дорухона қарз гирифтем. Як рӯз модари милиса Беҳрӯз Носиров омада, хабар гирифт ва каме хароҷоти дорухонаро дод ва дигар ягон нафар пайдо нашуд. Духтурон тавсия доданд, ки майнаи сари шавҳарамро ташхис кунем. Чанд бор ба рақами телефони модари Беҳрӯз занг задам, аммо касе ҷавоб надод. Рӯзи дигари ҳодиса (7-уми август) ба прокуратураи ноҳия рафтам ва шахсан ба назди прокурор даромада, дар бораи латукӯби шавҳарам ариза навиштам. Худи ҳамон рӯз прокурор ба беморхона омада, баёноти ману шавҳарамро гирифт, вале аз байн ду ҳафта гузашту то ҳанӯз ягон чора андешида

нашудааст”, — гуфтааст ҳамсари ҷабрдида.

Дар ҳамин ҳол, прокурори ноҳияи Панҷ Холиқзода А. дар тамоси телефонӣ ба “Фараж” гуфтааст, дар  ин масъала ба прокуратура ариза ворид нашудааст. Ва он ҳам дар ҳоле ки ҳамсари Бодурхон Нодиров мегӯяд, ҳанӯз рӯзи 7 август ба пеши прокурор даромада буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Садист –полицейскому место в психушке0а лучше прямо в тюрьму –так искалечить человека мог только садист

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button