Дин ва боварҳо

ДАРГУЗАШТИ РОҲИБ РУСТАМ БЕГАЛИЕВ, ПАДАРИ ОВОЗХОН ДАНИЕЛ РУСТАМОВ

Рустам Бегалиев, роҳиб, ё пастори калисои протестантии “Сафорати Худованд” (“Посольство Божье”), падари овозхони шинохта аз Тоҷикистон Даниел   Рустамов рӯзи 20 август дар синни 52 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи сабаби марги ӯ чизе гуфта намешавад.

Сандей Аделаҷа, асосгузор ва сарроҳиби калисои “Сафорати Худованд”, дар як номаи таъзия роҳиб Бегалиевро “сарбози асили Исои Масеҳ”  ва  инсоне номид, ки “қатъан тавба кардаву қатъан хидмати Худоро мекард, то охирин рамақи ҷон худро фидои мардум ва Худованд кард.”

Даниел Рустамов, писари Рустам Бегалиев низ дар Фейсбук тасдиқ кард, ки падараш аз олам чашм пӯшидааст: “Роҳиб Рустам ба дунёи уқбо пайваст ва ҳоло ӯ дар Фалак бо Парвардигори мост.”

Рустам Бегалиев  4 апрели соли 1969  ба дунё омада, соли 1994 Донишкадаи тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ солҳои зиёде дар Афғонистон барои калисои “Сафорати Худованд”, ки зодаи Нигерия Сандей Аделаҷа дар солҳои 90 дар Украина таъсис додааст, хидмат мекард.

Писари Рустам Бегалиев – Даниел Рустамов дар пайи иштирокаш дар чанд озмуни мусиқӣ дар телевизионҳои Русия ва Украина, аз ҷумла «Голос», «Песни» ва “X-Factor” шуҳрат пайдо кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button