Коррупсия

БОЗДОШТИ АФСАРИ МИЛИСА ВА СУДЯИ СУДИ ШАҲРИТӮС БО 47 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА

Бино ба иттилои як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, корманди дастгоҳи ҷумҳуриявии Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 20 август як афсари баландпояи милиса ва як додраси додгоҳи ноҳияи Шаҳритӯсро ҳангоми гирифтани пора ба маблағи бузург дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи манбаи “Бомдод”, сардори бахши тафтишоти шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритӯс ва як судяи суди ин ноҳия ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани пора ба маблағи 47 ҳазор сомонӣ (тақрибан 4 ҳазор доллар) дастгир шудаанд ва ин маблағ аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

“Сардори бахши тафтишот аз як нафаре, ки тафтиши парвандаашро ӯ худаш анҷом дода, парвандаро ба додгоҳ супурда буд. Вақте ки баррасии парванда дар додгоҳ идома дошт, ӯ ба “А” пешниҳод мекунад, ки агар 47 ҳазор сомонӣ биорад, ӯ, яъне муфаттиш бурда, ба судя медиҳад ва судя нафари айбдоршавандаро ба сари суд набароварда, озод мекунад. Афсари милиса ва судяро дар дохили мошин вақте дастгир карданд, ки онҳо пулҳои аз “А” гирифтаашонро мешумурданд”, – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Ба зидди судя ва афсари милиса бар асоси қисми чоруми моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи бузург парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.  Ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 7 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Манбаи “Бомдод” гуфт, имкон дорад, ки ба айбномаи онҳо кӯшиши пинҳон кардани ҷиноятро низ ҳамроҳ кунанд.

Исми дастгиршудагон ва “А” ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот дар ҳоли ҳозир ошкор карда намешавад.

Манбаи “Бомдод” гуфт, маъмулан дар сурати мусоидат ба ошкор кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ парвандаҳои онҳое, ки аз чунин ҷиноятҳо ба мақомот хабар медиҳанд, бозбинӣ карда мешавад ва ба эҳтимоли ғолиб, “А” низ барои ҳамкориаш бо Агентӣ дар боздошти афсари милиса ва судя аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад. Аз ҷумла бо истифода аз афви саросарие, ки қарор аст, рӯзҳои наздик ба муносибати сисолагии истиқлоли Тоҷикистон эълон шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button