ВарзишМуҳоҷирон

2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: САДАМАИ “ГУРГИ ПОМИР ” ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВ ДАР ҚАЗОН

Субҳи 22 август, Чоршанбе Чоршанбиев, размандаи маъруфи ММА аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия, дар як мошини иҷораи тамғаи БМВ дучори садама шуд. Ин садама дар кӯчаи Вахитов дар наздикии қаҳвахонаи “Макдоналдс” ва Донишгоҳи энергетикии Қазон рӯй дода, худи Чоршанбиев осеб надидааст, – хабар дод пойгоҳи хабарии «Реальное время».

Хабари дучори садам шудани Чоршанбе Чоршанбиев нафақат дар сархатти ахбори расонаҳои маҳаллӣ роҳ ёфт, балки яке аз хабарҳои рӯз дар хадамоти хабарии пойгоҳи «Мейл.Ру» шуд.

Аксҳо аз маҳалли садамаро худи Чоршанбе дар бахши сториси саҳифааш дар Инстаграм нашр кард. “Зебо”, – чунин шарҳ додааст худи Чоршанбиев акси мошини БМВ рангаш сафедро, ки ба сутуни канори роҳ бархӯрдааст.

Бино ба хабарҳо, худи Чоршанбе кормандони пулисро ба ҷои ҳодиса даъват карда, фаҳмондааст, ки як мошини дигар ӯро ба канори роҳ танг кард ва ӯ аз роҳ берун шуда, ба сутун бархӯрд. Дар яке аз аксҳо Чоршанбе Чоршанбиев дар назди мошини пулис дида мешавад.

Чоршанбе Чоршанбиев дар соҳаи варзиши ММА бо номи URJ маъруф аст, вале мухлисонаш ӯро “Гурги Помир” лақаб додаанд. Муҳаммад Ҳайбатӣ, маъруф бо лақаби Эронии Доғистон (Персидский Дагестанец) моҳи феврали соли равон нақл карда буд, ки дар пайи як муноқиша бо Чоршанбе Чоршанбиев, ӯ аз як пораи гӯшаш маҳрум шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button