ВидеоМинтақа ва ҷаҳонНомаҳо ба президент

СОКИНОНИ КӮЛОБ: МЕХОҲЕМ БА САФФИ МУҚОВИМАТИ ЗИДДИ ТОЛИБОН БИПАЙВАНДЕМ

Рӯзи 21 август дар Фейсбук аз номи як гуруҳ “ҷавонону миёнсолони минтақаи Кӯлоб” изҳороте нашр шудааст, ки дар он гуфта мешавад, “агар раисиҷумҳури Тоҷикистон ва пешвои муҳтарами мо иҷоза диҳад, мо, ҷавонону миёнсолони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба Аҳмад Масъуд ва Атомуҳаммади Нур ҳамроҳ хоҳем шуд ва барои сарнагунсозии гуруҳҳои экстремистии Толибон дар минтақаи Осиё ва Афғонистон мусоидат хоҳем кард.”

Муаллифон навиштаанд, ки зери ин муроҷиат алакай 1850 нафар имзо кардаанд ва “шарҳи мактуби ватандӯстонаи мардуми Кӯлоб унвони президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон соати шаши бегоҳ ирсол хоҳад шуд.”

Дар як муддати кӯтоҳ бар аксари қаламрави Афғонистон, аз ҷумла бар аксари қаламрави марзи он кишвар бо Тоҷикистон тасаллут пайдо кардани ҷангиёни ҳаракати Толибонро дар Тоҷикистон аксаран бо дард қабул карданд.

Ҳам мақомот ва ҳам сокинони Тоҷикистон ҳамеша ба тоҷикҳои Афғонистон, аз ҷумла ба фармондеҳони собиқи Эътилофи Шимол ва пайравону ворисони Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамеша алоқаи хос нишон медиҳанд ва шикасти онҳоро бисёриҳо манфӣ қабул карданд.

Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 19 август Толибонро ба наслкушӣ, яъне генотсид нисбат ба тоҷикҳои Афғонистон айбдор кард ва аз Душанбе хост, ки нафақат режими Толибонро эътироф накунад, балки сафоратҳои кишварҳое, ба мисли Покистону Қатарро ба сабаби ҳамкориашон бо Толибон, бубандад.

Ҳамин тавр, чанд рӯз пеш яке аз ҳунармандони тоҷик ҳатто аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳатто даъват кард, ки  вилоятҳои тоҷикнишини шимоли Афғонистонро ба ҳайъати Тоҷикистон ҳамроҳ кунад.

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия низ ахиран се сенарияи рушди таҳаввулот дар Афғонистонро матраҳ кард, ки бар асоси яке аз ин сенарияҳо, Афғонистон бояд аз лиҳози қавмӣ тақсим шавад ва вилоятҳои тоҷикнишинаш ба Тоҷикистон ва қаламравҳои ӯзбекнишину туркманнишинаш ба Ӯзбекистону Туркманистон дода шуда, паштуҳо ҳамроҳ бо паштуҳои Покистон кишваре бо номи Паштунистон бисозанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button