Хабарҳои кӯтоҳ

КҲФ: ЭҲТИЁТ КУНЕД, ХАТАРИ СЕЛУ САНГРЕЗИШ ТО 24 АВГУСТ БОҚӢ МЕМОНАД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ хабар дод, ки то 24 августи соли 2021 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳистонии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва қисмати ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад. Омадани сел аз пиряхҳо метавонад боиси сангрезиш дар қисматҳои кӯҳистонии роҳҳо шавад.

Дар ин иртибот КҲФ аз аҳолӣ ва меҳмонони навоҳии кӯҳистонӣ хост, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳаракат дар ин минтақаҳо хеле эҳтиёт кунанд. Аз мардум хоста шудааст, ки бахусус ҳангоми ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво адр чарогоҳҳои кӯҳистонӣ, кӯҳгардӣ, моҳигирӣ ва шикор ҳадалимкон эҳтиёт кунанд.

Ҳамин тавр, аз ронандагон хоста шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои селхез ҷиддан қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button