Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР ЧИЛДАРА МОШИНИ “ОПЕЛ” БО 6 НАФАР АЗ БАЛАНДИИ 15 МЕТР БА ҶАР ЧАППА ШУД

Рӯзи 19-уми августи соли 2021, тахминан соати 00:52-дақиқа, ронандаи автомашинаи тағаи “Опел-Астра”, Ҷӯрабеков Амирбек Зоирович, соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор, ҳангоми ҳаракат аз ҷамоати деҳоти Чилдара ба самти деҳаи Разак, дар километри 34-уми шоҳроҳи “Лабиҷар-Сангвор-Дарвоз”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз баландии 15-метр ба дарёи деҳаи Чилдара чаппа шудааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи садама мусофири “Опел” Нозимов Ҳикматулло Ҳакимович, соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Чилдара, ҷароҳати вазнини ҷимонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, худи ронанда, Ҷӯрабеков А.З. ва мусофирони дигари автомашина Назиршоҳи Амриддин, соли таваллудаш 2002, Бурҳонзода Абдулазиз Ҳасан, соли таваллудаш 2001, Давлатов Аъзам Ҳамидович, соли таваллудаш 2000 ва Ҷалили Муҳриддин, соли таваллудаш 2002, сокинони ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мутаассифона, санаи 19-уми августи соли 2021, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Газ Саз-3502”, Эрданаев Фарҳод Шоймардонович, соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар дохили заминҳои корами хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ, Гулбаев Бекзодҷон Бахтиёрович, соли таваллудаш 2011, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Гулбаев Б.Б. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиддаст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button