ФарҳангЧеҳраҳо

АҲМАДИ МАСЪУД ПАРЧАМРО ГИРИФТ, ҲАЙБАТИ ТОҶИК ОЛАМРО ГИРИФТ

Абдуллоҳи Раҳнамо

Дар замоне, ки замон таслим шуд,

Офтоби осмон таслим шуд,

Боғ бар ҳукми хазон таслим шуд,

Кишваре аз бими ҷон таслим шуд,

Ин ҷаҳон бар он ҷаҳон таслим шуд…

Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,

Ҳайбати тоҷик оламро гирифт!

Дар замоне, ки дили дунё шикаст,

Ҳинду Чину Русу Омрико шикаст,

Охирин уммед бар фардо шикаст,

Ҳикмату ирфону Мавлоно шикаст,

Дар гулӯи модарон ово шикаст.

Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,

Ҳайбати тоҷик оламро гирифт!

Чун имоми қавм имонро фурўхт,

Сарқумандонаш қумандонро фурўхт,

Афсараш сарбозу сарбонро фурўхт,

Кобулу Балху Бадахшонро фурўхт,

Нозанинони Хуросонро фурўхт.

Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,

Ҳайбати тоҷик оламро гирифт!

Фарри масъўдӣ ба сар бархост ў,

Бо ҳамон фарри падар бархост ӯ,

Зинда шуд, бори дигар бархост ў,

Ҳамчу уммеди башар бархост ў,

Инак аз ҳар бому дар бархост ў.

Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,

Ҳайбати тоҷик оламро гирифт!

Бозтоби гавҳари озодагон,

Офтоби Ховари озодагон,

Посдори сангари озодагон,

Сарбаландии сари озодагон.

Пешвои кишвари озодагон.

Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,

Ҳайбати тоҷик оламро гирифт!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. АҲМАДИ МАСЪУД
    Ҷабҳаи Масъудро натвон шикаст,
    Чун Худояш пуштибонӣ мекунад.
    Аз қазо ноком гарданд толибон.
    Чунки Аҳмад каҳрамонӣ мекунад.
    Аҳмади Масъуд шери Панҷшер,
    Дар дили ҳар як касе маъво гирифт.
    Комёбиҳо насиби Аҳмад аст,
    Дар дили ҳар миллате ӯ ҷо гирифт.
    Рӯҳи Аҳмад Шоҳ ноором шуд,
    Марқади ӯ зери пойи пастарин ақвом шуд.
    Толиби хунхор, ҳар дам хунбаҳое медиҳад,
    З-ин ҳама бедодиҳояш оқибат ноком шуд.
    Бачаи Саққо куҷоӣ?1
    Мулки афғон пур зи хун шуд,
    Рӯз дар чашмони мардум тирагун шуд,
    Аз қазо буд, ки зи хокаш ӯ бурун шуд.
    Халқи афғон, халқи армон,
    Боз ӯ сарсону саргардон,
    Кӯдаконаш дидагирёнанд, зи ҷабри золимон.
    Аҳмади Масъудро натвон шикаст,
    Чунки рӯҳи ӯ қавӣ аст, бешикаст.
    Мардуми тоҷики Панҷшер ҳамчу шер аст,
    Зодаю парвардаи он обу хоки Панҷшер аст.
    Хок хоҳад хӯрд, вале хокаш надод,
    Ингилис аз дасти афғон асре пеш омад ба дод!
    Халқи афғон нест кард, он зулму истибдод,
    Модари тоҷик барояш Аҳмади Масъуд зод.
    Рафт Аҳмад Шоҳи Масъуд, ҷойи ӯ Аҳмад гирифт,
    Қаҳрамонӣ мекунад, Панҷшер бо заҳмат гирифт.
    Зулми толиб аз сари тоҷик барандозад яқин,
    Аз Худову бандагонаш тӯҳфаи раҳмат гирифт.
    Эй Фаромурз, ин дуо бар Аҳмади Масъуд бод,
    Хонааш обод бошад, давлаташ мақсуд бод.
    Сулҳ меорад ба мулки тоҷикони Панҷшер,
    Даст бардору бигу Омин, ки ӯ масъуд бод!

    1.Бачаи Саққо-ишора ба Ҳабибуллохони Калаконӣ, аввалин тоҷике, ки Ҳукумати тоҷиконро дар Афғонистон бунёд намудааст.
    Фаромурз

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button