Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ НОБОЛИҒ ДАР ДУ САДАМА ДАР ҲУЛБУК ВА ҚУМСАНГИР

Рӯзи 18-уми августи соли 2021, тахминан соати 23:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-200”, Абдуалимзода Меҳриддин Ғайратшо, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ҳамин ноҳия, дар назди маркази савдои “Султони Кабир” аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ Абдуллоев Тоҳир Сафарбекович, соли таваллудаш 2005, сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбукро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Абдуалимзода М.Ғ. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, 19-уми августи соли 2021, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико», Қамаров Орифҷон Қадриддинович, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллии ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун ҳаракат кардан, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ Абдусамадзода Билолҷон Абдусалом, соли таваллудаш 2014, сокини ҷамоати деҳоти Қумсангирро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Абдусамадзода Б.А. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button